ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 август, якшанбе, 213-умин рӯзи соли 2021 аст

Август 1, 2021 08:00

1 августи соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ»-ро имзо намуданд.

***

7 сол пеш, 1 августи соли 2014 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари ширкати Гленкоае АГ-и корпоратсияи фаромиллии Гленкор аз давлатҳои Швейтсария ва Англия Эндрю Капланро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ барои истеҳсоли алюминийи аввалия, коркарди минбаъдаи саноатӣ, тиҷорати байналмилалии он ва истифода дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оид ба бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ ба имзо расонида шуд.

1 АВГУСТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ангола — Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.

***

Дар Озарбойҷон — Рӯзи забон ва алифбо.

***

Дар Бенин – Рӯзи истиқлол.

***

Дар Чин – Рӯзи таъсиси армияи халқӣ- озодкунанда.

РӮЙДОДҲО:

1 августи соли 2013 маҷмӯи васеи мавзӯъҳои вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши Тоҷикистон ва Русия баррасӣ шуданд.

***

1 августи соли 1834 дар Британияи Кабир ба ғуломӣ гиифтани одамон манъ карда шуд.

***

99 сол муқаддам, 1 августи соли 1922 аввалин Конститутсияи доимоамалкунандаи Литва қабул гардид.

***

1 августи соли 1936 дар Берлин бозиҳои XI тобистонаи олимпӣ оғоз шуда, 16 август ба анҷом расиданд.

***

53 сол муқаддам, 1 августи соли 1968 Канада пулҳои нуқрагиро ба никел тағйир дод.

***

1 августи соли 1974  Юнон ҳуқуқи шаҳрвандон ва Конститутсияашро барқарор кард.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1939 Иттиҳоди Шӯравӣ медали «Ситораи тиллоӣ» таъсис дод, ки барои хизматҳои шоиста ба қаҳрамонони ин Иттиҳод дода мешуд.

***

Соли 1998 донишҷӯи америкоӣ дучархаи аз ҳама калонтарин дар ҷаҳонро сохт, ки зиёда аз 7 метр баландӣ дошт.

Август 1, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш