Ҳунармандони Панҷакент соҳиби Шоҳҷоизаи Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб-2021» гардиданд

Август 16, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 16.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- «Андалеб-2021» ҷамъбаст гардид, ки Шоҳҷоизаи фестивалро ҳунармандони шаҳри Панҷакент ба даст оварданд. Ҷои якум насиби ҳунармандони ноҳияи Восеъ, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Ҳисор, ҷои дуюм аз ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Ёвон ва ҷои сеюм насиби ҳунармандони ноҳияҳои Рӯдакӣ, Файзобод, Тоҷикобод, Рашт ва Муъминобод гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар фестивал Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, муовини вазир Давлат Сафарзода, ҳайати ҳакамон, мутасаддиён ва ҳаводорону ҳунармандон иштирок намуданд. Барои иштироки фаъолона дар тарғиби фарҳангу ҳунарҳои мардумӣ якчанд нафар ҳунармандон, раисони шаҳру ноҳияҳо, сардорони раёсатҳо, шуъба, бахшҳои фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, масъулин ва ташаббускорон бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», Диплом, Ифтихорнома, Сипоснома ва мукофотҳои пулию молӣ сарфароз гардонида шуданд.

Бояд гуфт, ки даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ- «Андалеб-2021» аз 3 то 13 август дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев баргузор гардид.

Дар он номинаҳои беҳтарин бо иштироки ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида шуданд.

Дар номинаҳои суруди ҳамсароён- ҳунармандони шаҳри Хуҷанд, рақси якка- ҳунарманди ноҳияи Хуросон, бадеҳа- ҳаваскорони шаҳри Турсунзода, навозиши якка- ҳунармандони ноҳияи Варзоб, саҳначаи ҳаҷвӣ- ҳаваскорони ноҳияи Рӯдакӣ, суруди анъанавӣ- ҳунарманди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, намоиши сару либоси миллӣ- ҳунармандони шаҳри Панҷакент, порча аз анъанаҳои мардумӣ- ҳаваскорони ноҳияи Рашт, суруди якка- ҳунармандони ноҳияи Ҷаббор Расулов, суитаи овозию рақсӣ- ҳунармандони шаҳри Панҷакент баромад намуданд.

Фестивали имсола ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, бештари суруду оҳангҳо тараннумгари Тоҷикистон, истиқлол ва модару ватан буданд.

АКСҲО аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 16, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад