ҲУШДОРИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: Ҳавои гарми Тоҷикистон то 24 август боқӣ мемонад

Август 23, 2021 09:52

ДУШАНБЕ, 23.08.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ки дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои гарм то 24 август боқӣ мемонад. Дар ин рӯзҳо бар асари об шудани пиряхҳо эҳтимоли омадани сел ва дар роҳҳову минтақаҳои кӯҳӣ резиши санг вуҷуд дорад.

 Тавре АМИТ “Ховар” бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ иттилоъ медиҳад, аз сокинони ин ноҳияву минтақаҳо хоҳиш карда мешавад, ки эҳтиёт кунанд. Бахусус ронандагон ҳангоми сафар бо роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳое, ки эҳтимоли омадани сел дорад, қоидаҳои бехатарӣ, аз ҷумла масофаи байни мошинҳоро риоя намоянд.

Сокинон дар ин рӯзҳо аз рафтан ба шикор, ҷамъоварии ҳезуму алаф ва гиёҳҳои дорувор, рафтан ба лаби рӯдхонаҳо барои истироҳат ва ё моҳидорӣ  худдорӣ намоянд.

Дар ин рӯзҳо сокинонро зарур аст селроҳаҳо ва ҷӯву каналҳо тоза намоянд.

 АКС: КҲФ ва МГ

Август 23, 2021 09:52

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд