ВАО: ҳазорон сарбози афғон дар вилояти Панҷшер омодаи идомаи мубориза бо толибон мебошанд

Август 20, 2021 10:51

ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чанд ҳазор сарбозони артиши Афғонистон дар вилояти Панҷшер — ягона минтақаи кишвар, ки таҳти назорати ҷангиёни ҳаракати ифротгарои «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) қарор надорад, ҷамъ шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора дирӯз, 19 август рӯзномаи британиягии The Sun иттилоъ дод.

Ба гузориши ин рӯзнома, неруҳое, ки тасмим гирифтаанд муборизаро бо толибон «то қатраи охирини хун» идома диҳанд, дар Панҷшер ҷамъ меоянд. Гуфта мешавад, ки сухан дар бораи хизматчиёни ҳарбие меравад, ки онҳоро мушовирони Хадамоти махсуси ҳавопаймоии Британияи Кабир таълим додаанд.

«Мо ҳазорон нафар ҳастем ва боз чандин нафарони дигар ба мо ҳамроҳ шуда истодаанд. Аҳолии маҳаллӣ низ дар канори мо ҳастанд. Ин танҳо муқовимат нест. Ин муқовимати ҳазорон ҷанговарони ботаҷриба аст, ки маҳалро комилан медонанд ва дар тӯли 20 соли охир дар мубориза бо террористон таҷрибаи олӣ андӯхтаанд. То «Толибон»-ро маҳв накунам, таслим намешавам. Мо то тири охирин мубориза хоҳем бурд», — гуфтааст мусоҳиби рӯзнома.

Ҷангҷӯёни Толибон 15 август бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд ва  давоми чанд соат пойтахтро пурра ба даст гирифтанд. Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ гуфт, ки барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ истеъфо дод ва кишварро тарк кард. Давлатҳои ғарбӣ шаҳрвандони худ ва кормандони сафоратҳоро аз ин ҷумҳурӣ берун мебароранд.

17 август Амруллоҳ Солеҳ, ки дар замони Ашраф Ғанӣ ноиби президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд, гуфт, дар сурати набудани сарвари давлат, тибқи конститутсия иҷрокунандаи вазифаи сарвари кишвар мешавад. Сиёсатмадор аз афғонҳо даъват кард, ки ба муқовимат бо толибон ҳамроҳ шаванд ва таъкид кард, ки «ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷангиён итоат нахоҳад кард». Тибқи иттилои шабакаи телевизионии Al Alam, ки аз Бейрут пахш мешавад, неруҳои низомии вафодор ба Солеҳ қаблан минтақаи Чарикори музофоти Парвонро ишғол карда, толибонро сарнагун карданд ва раҳбари Ҳаракати миллии исломӣ маршал Абдулрашид Дӯстум ба дараи Панҷшер 10 ҳазор сарбоз фиристодааст.

                                                Акс аз манбаъҳои боз

Август 20, 2021 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Дар Душанбе вобаста ба хатари хурофот ва ифротгароӣ ҳамоиш доир шуд
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
Мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва риояи қонуни миллӣ дар вохӯрии намояндагони Кумитаи дин бо гумрукчиёни мамлакат баррасӣ гардид
СОЛИМИИ МИЛЛАТ АЗ ТАФАККУРИ НАСЛИ ҶАВОН ВОБАСТА МЕБОШАД. Андешаҳои Зулфиқор Гулаҳмадзода дар ин мавзуъ
МО-ЗИДДИ ХУРОФОТ! Он чашмҳои биноро кӯр ва гӯшҳои шунаворо кар менамояд
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
ХУРОФОТПАРАСТӢ-САРЧАШМАИ ҶАҲОЛАТУ ТОРИКӢ. Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ин зуҳуроти номатлубро маҳкум намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Хурофот хатарест, ки ба имрӯзу ояндаи Тоҷикистон ва минтақа таҳдиди ҷиддӣ дорад»
Сарвари давлат аз вазъи таассубу хурофот дар мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд