Эмомалӣ Раҳмон: «Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем, вале барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳукумати ҳамашумул ташкил карда шавад»
ДУШАНБЕ, 24.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. «Мо ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунем. Вале бар ин боварем, ки барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад», — изҳор доштанд 23 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш тариқи видеоконфронс дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намудани сохти давлатдорӣ дар он кишварро аз роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар зарур шумориданд.
«Таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад», тазаккур доданд Сарвари давлат.
Қобили зикр аст, ки тайи ҷанги таҳмилӣ ва нооромии беш аз чилсола, ки мардуми Афғонистон барои ба вуҷуд омадани чунин вазъият гуноҳе надоранд, Афғонистон ба майдони бозиҳои геосиёсӣ мубаддал гардид ва аз оқибатҳои он тамоми ҷаҳон аз тариқи ҳодисаҳои мудҳиши сентябри соли 2001-ум хуб огоҳ аст.
Сарвари давлати Тоҷикистон бори дигар таъкид доштанд, ки Афғонистони ҷабрдида ва миллати ба мо дӯсту бародари он набояд дигарбора ба вартаи ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад. «Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба тақдири қавму миллатҳои маскуни Афғонистон ва ҳамсояҳои он бетафовут набошад», — зикр намуданд Пешвои миллат.
Президенти Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ ва ин ҳолат аз берун ташкил ва ба мардуми Афғонистон таҳмил шудааст.
Ёдовар мешавем, ки 25 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ дар Душанбе мавқеи Тоҷикистонро нисбат ба қазияи имрӯзаи Афғонистон изҳор дошта, вазъи мураккаби хатарноке, ки тайи рӯзҳои ахир дар ин кишвар ташаккул ёфта истодааст, танҳо мушкилоти мардуми Афғонистон не, балки аз масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонии имрӯз арзёбӣ намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






