Бонувони ихтироъкори тоҷик дар Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии «KIWIE-2021» соҳиби медал шуданд
ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муовини декан оид ба илми факултети фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Малика Раҳимова бо дастгирӣ ва роҳбаладии декани факултети мазкур, доктори илмҳои фарматсевтӣ, профессор Сафол Мӯсозода дар Намоишгоҳи 14 — уми байналмилалии ихтирои бонувон «KIWIE- 2021» ва Форуми байналмилалии занони ихтироъкор дар пойтахти Кореяи Ҷанубӣ – шаҳри Сеул тариқи маҷозӣ (онлайн) иштирок намуда, ба комёбии чашмгир ноил шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Малика Раҳимова ба ин ҳамоиши ҷаҳонӣ ихтирояшро дар мавриди «Маҷмуагиёҳҳои зиддидиабетӣ» пешниҳод кард ва барои он сазовори медали нуқра гардид. Ихтирои ин бонуи донишманд дар ҷодаи илми фарматсевтӣ кори тоза ва ҷавобгӯ ба талаботи соҳаи дорусозӣ мебошад.
Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ба 3 бонуи ихтироъкори ҷумҳурӣ- Малика Раҳимова медали нуқра ва мукофоти махсуси Ассотсиатсияи намояндагони патентии Корея, Ойбегим Зуурбекова ва Мижгона Шарофова медалҳои биринҷӣ супорид, ки онҳо дар Намоишгоҳи 14 – уми байналмилалии ихтирои бонувон дар Кореяи Ҷанубӣ «KIWIE – 2021» ва Форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор иштирок намуда, соҳиби он шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳ дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ санаи 12 то 14-уми августи соли ҷорӣ тариқи онлайн баргузор гардида аз 17 кишварҳои аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ихтироъкорон иштирок намуданд.
АКСҲО: ДМТ /Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ










Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






