Британияи Кабир ва Тоҷикистон роҳҳои дастгирии суботи минтақавӣ ва ҳалли вазъи башардӯстона дар Афғонистонро баррасӣ карданд

Сентябрь 3, 2021 11:14

ДУШАНБЕ, 03.09.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Тавре хабар дода будем, 2 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Доминик Рааб суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Тавре Котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва Рушди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Доминик Рааб дар саҳифааш дар «Твиттер» навиштааст, «мо бо шарикони минтақавӣ шабонарӯзӣ кор мекунем. Ман бо Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин суҳбат кардам. Дар суҳбат масъалаи чӣ гуна кишварҳои мо метавонанд барои нигоҳ доштани субот дар минтақа ва ҳалли вазъи башардӯстона дар Афғонистон кумак кунанд, баррасӣ шуд».

Чанде қабл хабар дода шуд, ки Вазири давлатӣ оид ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Иттиҳоди Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Лорд Аҳмад Уимбледон рӯзи ҷумъа барои баррасии вазъи Афғонистон ба Тоҷикистон меравад.

 

АКСҲО: аз манбаъҳои боз/скриншот аз саҳифаи «Твиттер»

Сентябрь 3, 2021 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид