COVID-19. Дар Тоҷикистон 9 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд

Сентябрь 12, 2021 19:23

ДУШАНБЕ, 12.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Давоми шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 9 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Ҳамчунин 11 нафар пас аз муоилиҷа солим гардонида шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 12 сентябр дар кишвар 17084 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16948 нафар (99,2%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 124 нафар фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Сентябрь 12, 2021 19:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Профессор Абдураҳмон Муҳаммад: «Ихтилофи қавмӣ ва эътирофи гурўҳҳои террористӣ фоҷиаи Афғонистон аст»
«САЛОМИ МАН БА ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН». Ё чи тавр сарояндаи афғон дар «Кохи Борбад» суруд хонд ва ҳамаро ба по хезонда, ба риққат овард
COVID-19. Дар Тоҷикистон 11 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Саидмукаррам Абдулқодирзода: Толибон аз номи Ислом ба амалҳои касиф даст зада, ин дини муқаддасро доғдор карданиянд
COVID-19. Дар Тоҷикистон 10 ҳолати нави сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуд
Ба Тоҷикистон 100 ҳазору 800 воя ваксинаи «AstraZeneca» ворид гардид
ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ ГИРИФТОРӢ БА КОРОНАВИРУС БА СОҲАТ РАСИД. Ба гуфтаи вирусологи тоҷик Саидбек Сатторов, ин ҳолат моҳи август рух дода буд, ҳоло ин беморӣ коҳиш меёбад
«АҲМАДШОҲИ МАСЪУД МИҚДОРИ ХОКЕ НЕ, БАЛКИ МАКТАБИ БУЗУРГИ ТАФАККУРИ ИНСОНИСТ!». Дар Душанбе маросими ёдбуди шаҳиди роҳи озодию сулҳи Афғонистон доир шуд
ҲАМСАДОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!!! Ва ё оҳанги ҳамдилӣ бо халқи қаҳрамони Панҷшер
Дар Кӯлоб чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо шукуҳ доир гардиданд
МУСОҲИБАИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба муносибати 20-солагии Созмони ҳамкории Шанхай
Мақола ва мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон бо АМИТ «Ховар» дар маркази таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон қарор гирифтанд