Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия нусхаи эътимоднома супорид
ДУШАНБЕ, 08.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7 сентябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко нусхаи эътимодномаи худро супорид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад.
Ҳамсуҳбатон масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русияро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо, аз ҷумла перомуни масъалаи омодагӣ ба сафари расмии дарпешистодаи Президенти Федератсияи Русия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи дуюми моҳи сентябри соли ҷорӣ, инчунин баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД дар Душанбе табодули афкор намуданд.
Тарафҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ низ ибрози назар карданд.
Андрей Руденко дар фаъолияти минбаъдаи Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба сифати роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Русия муваффақиятҳо орзу намуд.
АКСҲО аз Сафорати ҶТ дар ФР









Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






