Ду хонандаи Душанбе дар озмуни байналмилалии навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано» сазовори ҷой дуюм шуданд

Сентябрь 16, 2021 16:55

ДУШАНБЕ, 16.09.2021. /АМИТ «Ховар»/.  Ду хонандаи синфи 5 Муассисаи давлатии «Мактаби мусиқии бачагонаи №3» ба номи А. С. Ленскийи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе Муаттар Маликова ва Гулнора Низомова дар озмуни байналмилалии навозиши асбоби аврупоии «Фортепиано» дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон тариқи онлайн иштирок намуда, миёни 35 давлати ҷаҳон сазовори ҷойи дуюм гардиданд, иттилоъ дод ба АМИТ «Ховар» директори Мактаби мусиқии бачагонаи №3 Абудсалим Акрамов.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, хонандагони муассиса бо роҳбарии омӯзгор, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯза Қосимова навозиши худро сабт ва манзури аъзои ҳакамон намуданд.

Аз ҷониби Вазорати ҷавонон, варзиш, фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон Муаттар Маликова бо диплом ва Гулнора Низомова бо Серфитикат қадрдонӣ гардиданд.

АКС аз  Мактаби мусиқии бачагонаи №3 шаҳри Душанбе

Сентябрь 16, 2021 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад