Эмомалӣ Раҳмон вазъияти бавуҷудомадаи имрӯзаи Панҷшерро фоҷеаи гуманитарӣ арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш тариқи видеоконфронс дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлоси 76-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид вазъияти бавуҷудомадаи имрӯзаи вилояти Панҷшери Афғонистонро фоҷеаи гуманитарӣ арзёбӣ намуданд.
«Имрӯзҳо мо дар ҳодисаҳои вилояти Панҷшери Афғонистон шоҳиди нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ гардида истодаем, — тазаккур доданд Сарвари давлати Тоҷикистонва илова намуданд: — Вазъияти бавуҷудомада фоҷеаи гуманитарӣ ба ҳисоб меравад».
Бояд зикр намуд, ки ба мардуми Панҷшер дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввал, инчунин, кумакҳои башардӯстона қатъ шуда, ҳатто ниҳодҳои тахассусии Созмони Милали Муттаҳид ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои башардӯстонаи худ ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18 сентябр зимни нишасти матбуотӣ пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ бо Сарвазири Покистон Имрон Хон бар он таъкид намуданд, ки ҳарчи тезтар аз байн бурдани низоъ ва ташаннуҷ дар вилояти Панҷшер тавассути эълон кардани оташбас ва кушодани роҳҳо барои таъмини кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин минтақа аз вазифаҳои муҳимтарини имрӯза мебошад.
Ёдовар мешавем, ки ҳаракати «Толибон»* пас аз эълони ИМА дар бораи азми хуруҷи неруҳои низомии худ аз Афғонистон амалиёти густурдаро барои назорат бар Афғонистон оғоз карданд. 15 август президент Ашраф Ғанӣ истеъфо дода, кишварро тарк кард ва толибон бидуни ҷанг вориди Кобул шуданд.
Неруҳое, ки бо қудрати ифротгароён розӣ нестанд, дар Панҷшер муқовимат ташкил карданд, ки ба он Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи машҳури саҳроӣ Аҳмадшоҳи Масъуд (1953-2001) раҳбарӣ мекунад. Ноиби президенти пешин Амруллоҳ Солеҳ, ки худро иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат эълон кард, даъват намуд, ки ӯро дастгирӣ кунанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ “Ховар”
__________________________________
*«Толибон» — ҳаракати террористии мамнуъ дар Тоҷикистон ва сойири кишварҳо








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






