ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Баҳрайн сафар намуд
ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Тоҷикистон барои вохӯриҳои дӯстона бо ҳамсолони худ аз Баҳрайн, ки 3-6 сентябр баргузор мешаванд, 1 сентябр ба шаҳри Манама сафар кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон тавассути хатсайри Дубай ба Манама рафт. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 23 бозингар — 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил буданд. Инчунин ба ҳайати даста ду легионер — нимҳимоятгари «Навбаҳор»-и Узбекистон Эҳсони Панҷшанбе ва ҳамлагар Шаҳром Самиев аз «Торпедо-БелАЗ»-и Беларус даъват карда шуданд.
Бозиҳои дӯстонаи дарпешистода яке аз марҳилаҳои омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 мебошанд, ки аз 25 то 31 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар як гурӯҳ бо дастаҳои мунтахаби Эрон, Лубнон ва Непал бозӣ хоҳад кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) барои бозиҳои дӯстона бо дастаи миллии Баҳрайн:
Дарвозабонҳо: Далер Азизов («Регар-ТадАЗ»), Аҳлиддин Ҳабибуллоев («Куктош»), Муҳаммадрабӣ Раҳматуллоев («Барқчӣ»);
Дифоъгарон: Наимҷон Иброҳимзода («Хуҷанд»), Муҳаммад Саломзода («Кӯктош»), Ҳусейн Нурматов («Истаравшан»), Муҳаммаҷон Насков, Фирдавс Алиназаров (ҳарду – «Хатлон»), Шоҳрух Сангов («Файзканд»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА), Исроил Холов («Регар-ТадАЗ»);
Нимҳимоятгарон: Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Узбекистон), Кароматулло Саидов, Абдулмумин Забиров, Далер Ёдгоров (ҳарду – «Хуҷанд»), Сорбон Авғонов («Хатлон»), Шарафҷон Солеҳов (КМВА), Хуршед Абдуллоев («Душанбе»), Эмомалӣ Аҳмадхон, Шуҳрат Элмуродов (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлаварон: Шаҳром Самиев («Торпедо-БелАЗ», Беларус), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»).
Сармураббӣ – Мубин Эргашев.
АКС аз ФФТ








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






