Хатсайри нави сайёҳии Душанбе-Сангвор-Лахш-Тоҷикобод-Рашт-Нуробод-Душанбе ифтитоҳ мегардад

Сентябрь 30, 2021 16:26

ДУШАНБЕ, 30.09.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Кумитаи рушди сайёҳии  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 октябр дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар самти  Душанбе-Сангвор-Лахш-Тоҷикобод-Рашт-Нуробод-Душанбе  хатсайри   нави сайёҳӣ ифтитоҳ менамояд, ки ҳадафаш муаррифии имконияти сайёҳии ноҳияҳои минтақаи Рашт мебошад.

Аз Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки иштирокдорони хатсайри нави  сайёҳӣ бо ёдгориҳои таърихию фарҳангии водии Рашт, мавзеъҳои зебоманзари  ин минтақаи кӯҳистони Тоҷикистон, назири дараҳои Камароб, Ҷарф, инчунин, имконоти рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва аграрӣ дар ин водӣ шинос мегарданд.

Дар доираи хатсайри  нави сайёҳӣ дар ноҳияи Рашт  конфронси миллии сайёҳӣ дар мавзӯи  «Сайёҳии дохилӣ- омили рушди  иқтисоди кишвар» доир мегардад, ки дар он масъалаҳои марбут ба  имконияти рушди сайёҳии кӯҳнавардӣ дар  Тоҷикистон дар мисоли водии Рашт, зарфияти ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии аграрӣ дар водии Рашт баррасӣ мешаванд.

Акс аз манбаъҳои боз

Сентябрь 30, 2021 16:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид