КАРОН – ПОРАЕ АЗ ТАЪРИХИ НИЁГОН. Ин шаҳри қадимии тоҷикон ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид карда мешавад
ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда шаҳри қадимии Карон, ки дар қисмати ҷанубу шарқи Тоҷикистон, дар ноҳияи баландкӯҳи Дарвоз воқеъ аст, ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда хоҳад шуд. Дар робита ба ин моҳи октябри соли равон бо иштироки бостоншиносону муҳаққиқон дар ноҳияи Дарвоз конфронси илмӣ баргузор мегардад, ки дар он таърихи шаҳри қадимаи Карон матраҳ хоҳад гардид.
Тавре дар суҳбат бо мо мудири бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Беҳзод Хоҷаев гуфт, «шаҳри қадимаи Карон яке аз ёдгориҳои таърихии бостонӣ ва пойтахти қадимаи шоҳигарии Дарвоз буда, аз тарафи академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Юсуфшоҳ Яқубов моҳи апрели соли 2012 кашф шудааст ва таърихи чорҳазорсола дорад. Номи шаҳри қадимаи Карон аз забони форсии миёна тарҷума шуда, маънои «макон дар баландӣ»-ро дорад.
Карон дар шарқи деҳаи Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз, дар роҳи қадимаи корвонгузар ба Бадахшон дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар баландкӯҳҳои болои дарёи Панҷ воқеъ буда, масоҳати шаҳр 100 гектарро ташкил медиҳад».

ДАР АКСҲО: маъбадҳои бозёфтшуда дар шаҳри қадимаи Карон
Аз рӯзҳои нахустини кашфи шаҳри қадимаи Карон аз ҷониби олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби Бунёди «Муаллими кӯҳистон» ҳафриёт гузаронида шуд. Дар ковишҳо бостоншиносон аз Русия, Эрон, Фаронса ва Белгия иштирок намуданд. Ҳангоми ҳафриёт боқимондаҳои майдон барои бозии поло, расадхона, осиёбӣ бодӣ ва маъбади зардуштӣ, маъбади панҷманорадори оташ, маъбади об, ду маъбади шамол, таҳкурсии биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ, аз ҷумла дижи истиқоматии шоҳ, ки дорои 37 хона ва як ҳавз буд, амфитеатр, майдони варзишӣ бо андозаи 300 ба 50 метр, ки имкони ҷой кардани беш аз даҳ ҳазор тамошобинро дорад, пайдо гардиданд. То асри 10 дар Карон зардуштиён амал мекарданд. Қурбонгоҳи маъбади оташ, ҳавзи анъанавӣ, дар майдони марказии шаҳр стенди сангин, ки дар болои он китоби муқаддаси «Авесто» ҷойгир буд, ёфт шуданд. Исломишавии Карон дар асрҳои XII-XIII сурат гирифт. Маҷмааи биноҳо бозгӯи қасри шоҳон буда, аз хишт сохта шудааст. Шаҳр дорои низоми обтаъминкунӣ ва заҳкаш буда, дар Карон устохонаҳо барои хиштпазӣ ва сохтани қубурҳои гилӣ бунёд шуда буданд.
Алҳол ковишҳои бостоншиносӣ дар шаҳри қадимаи Карон идома доранд. Аз натиҷаи ҳафриёт дар шаҳри қадимаи Карон бармеояд, ки мардум дар ин шаҳр дар қарни 10 -12 мелодӣ зиндагӣ мекарданд. Биноҳо дуқабата буда, шаҳр бо таваҷҷуҳ ба масоили таъмини амният бунёд шудааст, зеро шаҳри бостонии Карон дар баландӣ қарор дошт ва тамоми роҳҳои атрофи шаҳр аз дидбонгоҳҳои шаҳр назорат мешуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
Душанбе-Дарвоз-Душанбе
АКСҲО аз манбаъҳои боз








Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард






