КАРОН – ПОРАЕ АЗ ТАЪРИХИ НИЁГОН. Ин шаҳри қадимии тоҷикон ба Феҳристи ЮНЕСКО ворид карда мешавад

Сентябрь 27, 2021 13:37

ДУШАНБЕ, 27.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар оянда шаҳри қадимии Карон, ки дар қисмати ҷанубу шарқи Тоҷикистон, дар ноҳияи баландкӯҳи Дарвоз воқеъ аст, ба Феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО ворид карда хоҳад шуд. Дар робита ба ин моҳи октябри соли равон бо иштироки бостоншиносону муҳаққиқон дар ноҳияи Дарвоз конфронси илмӣ баргузор мегардад, ки дар он таърихи шаҳри қадимаи Карон матраҳ хоҳад гардид.

Тавре дар суҳбат бо мо мудири бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз Беҳзод Хоҷаев гуфт, «шаҳри қадимаи Карон яке аз ёдгориҳои таърихии бостонӣ ва пойтахти қадимаи шоҳигарии Дарвоз буда, аз тарафи академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Юсуфшоҳ Яқубов моҳи апрели соли 2012 кашф шудааст ва таърихи чорҳазорсола дорад. Номи шаҳри қадимаи Карон аз забони форсии миёна тарҷума шуда, маънои «макон дар баландӣ»-ро дорад.

Карон дар шарқи деҳаи Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз, дар роҳи қадимаи корвонгузар ба Бадахшон дар баландии 2000 метр аз сатҳи баҳр, дар баландкӯҳҳои болои дарёи Панҷ воқеъ буда, масоҳати шаҳр 100 гектарро ташкил медиҳад».


ДАР АКСҲО: маъбадҳои бозёфтшуда дар шаҳри қадимаи Карон

Аз рӯзҳои нахустини кашфи шаҳри қадимаи Карон аз ҷониби олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз ҳисоби Бунёди «Муаллими кӯҳистон» ҳафриёт гузаронида шуд. Дар ковишҳо бостоншиносон аз Русия, Эрон, Фаронса  ва Белгия  иштирок намуданд. Ҳангоми ҳафриёт боқимондаҳои майдон барои бозии поло, расадхона, осиёбӣ бодӣ ва маъбади зардуштӣ, маъбади панҷманорадори оташ, маъбади об, ду маъбади шамол, таҳкурсии биноҳои истиқоматӣ ва маъмурӣ, аз ҷумла дижи истиқоматии шоҳ, ки дорои 37 хона ва як ҳавз буд, амфитеатр, майдони варзишӣ бо андозаи 300 ба 50 метр, ки имкони ҷой кардани беш аз даҳ ҳазор тамошобинро дорад, пайдо гардиданд. То асри 10 дар Карон зардуштиён амал мекарданд. Қурбонгоҳи маъбади оташ, ҳавзи анъанавӣ, дар майдони марказии шаҳр стенди сангин, ки дар болои он китоби муқаддаси «Авесто» ҷойгир буд, ёфт шуданд. Исломишавии Карон дар асрҳои XII-XIII сурат гирифт. Маҷмааи биноҳо  бозгӯи қасри  шоҳон буда, аз хишт сохта шудааст. Шаҳр дорои низоми обтаъминкунӣ ва заҳкаш буда, дар Карон устохонаҳо барои хиштпазӣ ва сохтани қубурҳои гилӣ бунёд шуда буданд.

Алҳол ковишҳои бостоншиносӣ дар шаҳри қадимаи Карон  идома доранд. Аз натиҷаи ҳафриёт дар шаҳри қадимаи Карон бармеояд, ки мардум дар ин шаҳр дар қарни 10 -12 мелодӣ зиндагӣ мекарданд. Биноҳо дуқабата буда, шаҳр бо таваҷҷуҳ ба масоили таъмини амният бунёд шудааст, зеро шаҳри бостонии Карон дар баландӣ қарор дошт ва тамоми роҳҳои атрофи шаҳр аз дидбонгоҳҳои шаҳр назорат мешуданд.

                                               Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

                                                 Душанбе-Дарвоз-Душанбе

    АКСҲО аз манбаъҳои боз

 

Сентябрь 27, 2021 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд