Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Сентябрь 29, 2021 17:01

ДУШАНБЕ, 29.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори маҷлис беш аз 40 масъала мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нахуст баъди муҳокима   лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани  тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ветеранҳо”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи инҳисороти табиӣ”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи парандапарварӣ”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи захираҳои генетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуданд.

Ҳамчунин дар кори маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи  ташкили корҳо дар самти таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2024-2025,  Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020, Стратегияи ҳифзи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва  таъсиси Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии дӯстии Тоҷикистону Узбекистон” дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон  баррасӣ гардид.

Дар идомаи маҷлис  роҳбарони вазорату идораҳо оид ба татбиқ ва амалисозии нақшаву барномаҳои  Ҳукумати мамлакат ҳисобот доданд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аъзои Ҳукумат ва роҳбарони вазорату идораҳоро вазифадор намуд, ки ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 29, 2021 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд