Нақшаи иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон 39,6% иҷро шуд

Сентябрь 22, 2021 11:45

ДУШАНБЕ, 22.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бино ба иттилои дастрас, то ҳолати 20 сентябр дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда 2 миллиону 307 ҳазору 140 нафар (39,6%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсияи зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  1 миллиону 565 ҳазору  281 нафар шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии мамлакат.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки маъракаи иммунизатсия миёни аҳолии пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе 99,6% иҷро гардидааст.

Бояд гуфт,  ки имрӯзҳо сокинони мамлакат бо масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи зидди ин беморӣ гирифта истодаанд ва аз ғамхориҳои пайвастаи ҳукумати кишвар дар самти сари вақт дастрас намудани ваксинаи зидди бемории коронавирус сипосгузоранд.

Тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 3 июл ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони аз 18-сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Сентябрь 22, 2021 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар соли раёсати Тоҷикистон Фонди байналмилалии наҷоти Арал ба ҳайси нозир дар Маҷмаи Умумии СММ пазируфта шуд
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР ДАР МАСЪАЛАҲОИ ОБУ ИҚЛИМ. Ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бахшида мешавад
ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2023. Дар рӯзи охири мусобиқа ҷудочиёни Тоҷикистон ду медал ба даст оварданд
Хоби солим сеяки хатари аломати баъдиковидиро коҳиш медиҳад
ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ КӮДАКОНИ ХУШБАХТ. Эъто ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон
1 ИЮН-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН. Ин рӯзи риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак мебошад
ТАВАҶҶУҲ! Аз пагоҳ зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок маҳдудият ворид мешавад
«Buta Airways» дар масири Боку-Душанбе-Боку нахустин парвози мустақимро анҷом дод
СУТ тамоми ҷаҳонро даъват намуд, ки ба пандемияи марговар, ки аз COVID-19 ҳам даҳшатноктар аст, омода шаванд
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН-МАСИРИ НАВИ ҲАМКОРӢ. Сафари давлатии таърихӣ бо тадбирҳои бузург дар роҳи таҳкими ҳамкории байнидавлатӣ ва минтақавӣ
Ба қабули Эъломияи муштарак байни Тоҷикистон ва Чин оид ба барқарории муносибатҳои шарикии стратегӣ 10 сол пур мешавад
Муносибатҳои наздик ва дӯстонаи Тоҷикистон ва Чин гарави бунёдии рушди фаъоли ҳамкорӣ мебошад