«ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИЁТ БА ФАЪОЛИЯТИ ОЛИМОН ВОБАСТА АСТ». Профессор Абдураҳмон Муҳаммад дар иртибот ба фармони нави Президенти Тоҷикистон

Сентябрь 21, 2021 15:12

ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ғамхории навбатии Президенти мамлакат нисбат ба олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) оид ба  зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии  беш аз 2 ҳазор нафар кормандони  академия ва сохторҳои он бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҳамчун туҳфаи Сарвари давлат ба аҳли илм бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.

Ин нуктаро ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  профессор Абдураҳмон МУҲАММАД ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.

Ёдовар мешавем, ки 20 сентябри соли 2021 фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он» ба тасвиб расид, ки тибқи он   маоши амалкунандаи кормандони АМИТ ба ҳисоби миёна ба андозаи 28 фоиз зиёд гардид.

А. Муҳаммад мегӯяд, ки «ин иқдоми аввалин набуда, тайи солҳои охир чандин маротиба маоши кормандони АМИТ дар баробари дигар шаҳрвандони мамлакат ба андозаи 10-15 фоиз зиёд карда шуд. Аммо ин дафъа Пешвои миллат иқдоми хеле наҷиберо пеш гирифтанд, зеро воқеан пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ  ба илм, олим ва пажуҳишгар вобастагӣ дорад».

Бино ба суханони ноиби президенти АМИТ, ин иқдоми Пешвои миллат чанд ҳадаф дорад. Нахуст, дилгарм кардани мутахассисоне, ки дар соҳаи илм кор мекунанд. Дуюм, дастгирии академикҳо ва нафароне, ки дар тайёр кардани кадрҳо ҳисса мегузоранд. Сониян, дастгирии олимони ҷавон, ки ояндаи илми мо, ояндаи иқтисодиёти кишвари мо ба онҳо бастагӣ дорад. Аз ин рӯ ин иқдом дар ривоҷи таҳқиқу таҳлил дар тамоми самтҳои илми Тоҷикистон  такони ҷиддӣ гардида метавонад.

Профессор Абдураҳмон Муҳаммад чунин мешуморад, ки фармони мазкур барои рушду нумӯи на танҳо илмҳои ҷомеашиносӣ, балки илмҳои дақиқу табиӣ низ заминаи муҳим ва такони ҷиддӣ шуда метавонад.  «Кишваре, ки рӯ ба илм меорад, бе чуну чаро ба пешравӣ он дар ҳама  соҳаҳо шараёб мешавад.  Давлате, ки илмро  дастгирӣ ва пуштибонӣ мекунад, рушду нумӯ ва суботи дохилии он дар уфуқҳои нав ҳувайдо мешавад», — мегӯяд ӯ.

Аз ин рӯ профессор изҳори итминон намуд, ки, ки дастгириҳои  Сарвари давлатро ба назар гирифта, кормандони АМИТ аз ин ҳам зиёдтар заҳмат мекашанд ва дар рушду инкишофи ҷомеаи тоҷик нақши муассир мебозанд».

«Аз фурсати муносиб истифода бурда,  аз номи тамоми кормандони АМИТ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои дастгириву ғамхории доимиашон ҷиҳати рушди минбаъдаи АМИТ изҳори миннатдорӣ менамоям»,-иброз дошт ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Абдураҳмон Муҳаммад.

АКС  аз АМИТ «Ховар»

Сентябрь 21, 2021 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид