«ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДИЁТ БА ФАЪОЛИЯТИ ОЛИМОН ВОБАСТА АСТ». Профессор Абдураҳмон Муҳаммад дар иртибот ба фармони нави Президенти Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 21.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ғамхории навбатии Президенти мамлакат нисбат ба олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) оид ба зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии беш аз 2 ҳазор нафар кормандони академия ва сохторҳои он бо хушнудӣ пазируфта шуда, ҳамчун туҳфаи Сарвари давлат ба аҳли илм бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд.
Ин нуктаро ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Абдураҳмон МУҲАММАД ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт.
Ёдовар мешавем, ки 20 сентябри соли 2021 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи зиёд намудани андозаи маоши амалкунандаи вазифавии кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он» ба тасвиб расид, ки тибқи он маоши амалкунандаи кормандони АМИТ ба ҳисоби миёна ба андозаи 28 фоиз зиёд гардид.
А. Муҳаммад мегӯяд, ки «ин иқдоми аввалин набуда, тайи солҳои охир чандин маротиба маоши кормандони АМИТ дар баробари дигар шаҳрвандони мамлакат ба андозаи 10-15 фоиз зиёд карда шуд. Аммо ин дафъа Пешвои миллат иқдоми хеле наҷиберо пеш гирифтанд, зеро воқеан пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба илм, олим ва пажуҳишгар вобастагӣ дорад».
Бино ба суханони ноиби президенти АМИТ, ин иқдоми Пешвои миллат чанд ҳадаф дорад. Нахуст, дилгарм кардани мутахассисоне, ки дар соҳаи илм кор мекунанд. Дуюм, дастгирии академикҳо ва нафароне, ки дар тайёр кардани кадрҳо ҳисса мегузоранд. Сониян, дастгирии олимони ҷавон, ки ояндаи илми мо, ояндаи иқтисодиёти кишвари мо ба онҳо бастагӣ дорад. Аз ин рӯ ин иқдом дар ривоҷи таҳқиқу таҳлил дар тамоми самтҳои илми Тоҷикистон такони ҷиддӣ гардида метавонад.
Профессор Абдураҳмон Муҳаммад чунин мешуморад, ки фармони мазкур барои рушду нумӯи на танҳо илмҳои ҷомеашиносӣ, балки илмҳои дақиқу табиӣ низ заминаи муҳим ва такони ҷиддӣ шуда метавонад. «Кишваре, ки рӯ ба илм меорад, бе чуну чаро ба пешравӣ он дар ҳама соҳаҳо шараёб мешавад. Давлате, ки илмро дастгирӣ ва пуштибонӣ мекунад, рушду нумӯ ва суботи дохилии он дар уфуқҳои нав ҳувайдо мешавад», — мегӯяд ӯ.
Аз ин рӯ профессор изҳори итминон намуд, ки, ки дастгириҳои Сарвари давлатро ба назар гирифта, кормандони АМИТ аз ин ҳам зиёдтар заҳмат мекашанд ва дар рушду инкишофи ҷомеаи тоҷик нақши муассир мебозанд».
«Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи тамоми кормандони АМИТ ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириву ғамхории доимиашон ҷиҳати рушди минбаъдаи АМИТ изҳори миннатдорӣ менамоям»,-иброз дошт ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдураҳмон Муҳаммад.
АКС аз АМИТ «Ховар»








НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»






