Профессор Абдураҳмон Муҳаммад: «Ихтилофи қавмӣ ва эътирофи гурўҳҳои террористӣ фоҷиаи Афғонистон аст»

Сентябрь 13, 2021 11:21

ДУШАНБЕ, 13.09.2021. /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон  бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Маҳдум Шоҳ Маҳмуд Қурейшӣ, ки дар Қасри миллат доир гардид, баён намуданд, ки  «Барои ҳалли фаврии мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя бояд ҳарчи тезтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад».

Бояд тазаккур дод, ки ин баёнияи Ҷаноби Олӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ гардиши куллие ба миён овард, ки ба кишварҳои абарқудрат ва сиёсатмадорони дунё таъсири бевосита расонида тавонист.

Андешаҳои узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Абдураҳмон МУҲАММАД   доир ба мавзӯъ манзури хонандагон мегардад.

— Албатта  имрўз мушкилоте, ки ба сари   мардуми Афғонистон  омадааст,   касеро бетараф гузошта наметавонад. Зеро  ҷангу нооромӣ дар ин  кишвар  ба осудагии дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсиргузор мебошад.

Мавриди қайд аст, ки  аз назари доштани  ихтилофи қавмӣ ва нажодӣ Афғонистон 37-умин кишвари ҷаҳон ба шумор меравад. Аз ин рў, низоъҳои қавмии Афғонистон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии он бо гузашти замон таъсиргузор буда, бо таваҷҷуҳ ба омилҳои хориҷӣ ҷиҳати печидатаре ҳам дорад. Ин аст, ки ҳукуматдорӣ  дар ин кишвар ҳамеша ба мушкилоти  динию  қавмӣ  рў ба рў мегарданд.Бинобарин, бояд  сохтори давлатдорӣ дар Афғонистон  ба як ҳукумати  ҳамашумул бо  дарназардошти ҳама  ақалиятҳои  миллӣ барпо карда шавад.

Ин кишвар  дорои  анвои қавмҳо, фарҳангҳо, забонҳо ва мазҳабҳои гуногун буда, ноҳамгунии қавмӣ ва фарҳангӣ ба ин андоза аст, ки корбурди калимаи «миллати Афғонистон» ба таври дақиқ дар он қобили татбиқ нест ва то ҳанўз дар ин кишвар миллати воҳид эҷод нагардидааст.  Дар  Афғонистон мардумоне аз нажодҳои паштун, ҳазора, тоҷик, ўзбак, туркман, балуҷ, қирғиз, қизилбош, аймоқ, наврустонӣ, кашмирӣ, ҳинду, сикх ва ғайра сукунат доранд.

Дар ин мамлакат  беш аз сад  гурўҳи қавмӣ бо сохтор ва хусусиятҳои  мухталиф зиндагӣ доранд, ки онҳо зиёда бо 30 забон суҳбат ва такаллум менамоянд. Аз лиҳози шумораи нуфуз ҳеҷ яке аз қавмҳо дорои аксарияти мутлақ нест ва чунин сохтори мухталифи қавмӣ сабаби печидагӣ ва душвориҳои миёниқавмӣ ва бесуботии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва беназмӣ дар ин сарзамин гардидааст. Зеро ҳеҷ яке аз қавмҳо ба танҳоӣ ва бидуни мушорикати дигар қавмҳо қодир ба эҷоди тартибу суботи сиёсӣ нашудааст ва наметавонад ба танҳоӣ нақши фарогири миллиро иҷро намояд. Ҳамзамон, мавриди қайд аст, ки дар байни онҳо  ҷамъияти паштуну тоҷику  ўзбак ва ҳазораҳо хеле  зиёданд.

Паштунҳо имрўз  як гурўҳи қавмии калон ба шумор мераванд. Онҳо пештар дар Шарқ ва Ҷануб ва баъзан бо қудрат гирифтан дар тўли солҳои гузашта, дар Шимол ва Ғарби кишвар низ сокин шудаанд. Паштунҳо аз назари сохтмони дохилӣ қавмӣ ба се тоифа: даронӣ (абдолиён), ғалзоиён ва гурониён тақсим мешаванд. Бунёди равобит дар миёни паштунҳо бар асоси омили суннати иҷтимоӣ таквин меёбад, ки номи айнии он паштунволӣ аст. «Паштунволӣ» маҷмуае аз расму урфи иҷтимоӣ аст, ки равобити миёни аъзо дар ҷомеаи қабилавӣ танзим мекунад.

Тоҷикон бошанд, дар қисматҳои Шимоли шарқӣ, Ғарб ва Ҷануби шарқӣ монанди Бадахшон, Кобул, Ҳирот, Ғазна, Ғур ва ғайра зиндагӣ мекунанд ва дар вилояти Бадахшон, Тахор, Балх, Кописо ва Парвон тақрибан бештаранд. Ҳамчунин дар вилояти Бағлон, Қундуз, Ғаза ва Кобул низ ҳузури зиёде доранд. Онҳо аз нисф зиёди  аҳолии ин сарзаминро  ташкил менамоянд ва фарҳанги бузурги  тоҷикон оинаи  рўзгор ва ифтихороти   таърихии  Афғонистон   аст.

Як нуктаро бояд ёдовар шуд, ки аҳолии водии Паҷшери музофоти Парвон аксаран тоҷикон буда, неруҳое, ки бо ҳокимияти ифротгароёни «Толибон» розӣ нестанд, дар Панҷшер муқовимат ташкил карданд. Дар ин муқовимат Аҳмад Масъуд, писари фармондеҳи машҳури саҳроӣ Аҳмадшоҳи Масъуд роҳбарӣ мекунад.

Бисёре аз коршиносон ҳаракати  «Толибон»-ро ба қавмгароӣ ва поксозии қавмӣ муттаҳам медонанд. Намояндагони  ҳаракати радикалии «Толибон» ҳазорон сокинони маҳаллиро аз Панҷшер берун карда, поксозии қавмӣ анҷом медиҳанд ва ҷаҳон то ҳол ин вазъро мушоҳида ва нодида мегирад.

Ҳазораҳоро сеюмин гурўҳи қавмии Афғонистон медонанд. Онҳо бештар дар маркази Афғонистон дар домани кўҳҳои Афғонистони марказӣ ва баландиҳои Ҳиндукуш сукунат доранд.

Ўзбакҳо бошанд,  28 қабила ё қавми онҳо дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд, дар гузашта дар сари ҳар қабила як бой ё бек қарор дошт, ки умури қабилагиро идора мекардаанд. Имрўз аксаран дар наздикии шаҳрҳои бузурги шимоли Афғонистон — Мазори Шариф, Маймана, Хонобод, Қундуз ё дар вилоятҳои Қатаған ва Бадахшон сокин шудаанд.Ўзбакон низ монанди дигар қавмҳо таҳти фишор  қарор дошта, аз газанди зулми рўзгор дар амон набудаанд ва имрўз ҳам нестанд.

Ҳамин тариқ, Афғонистон қарнҳост, ки дорои гуногунрангии қавмӣ, мазҳабӣ, забонӣ ва фарҳангӣ будааст, аммо сиёсӣ шудани қавмият реша дар таърихи муосири Афғонистон дошта, бархоста аз амалкарди нухбагони сиёсии ин сарзамин аст. Қавмият ба унвони ҳувияти сиёсӣ бо таърихи «миллатсозӣ» дар ин сарзамин ба шакли печида  рушд ёфтааст, ки  айни замон тадбирҳои  муосири  сохти  идоракунии давлатиро  тақозо менамояд. Масалан сохти идоракунии федеративӣ, ки дар он ҳар як воҳиди давлатии муттаҳидшуда  то як андоза  мустақилияти сиёсӣ дорад, барои  кишвари Афғонистон  хеле мувофиқ мебошад. Бартарии ин сохт аз он иборат аст, ки  он ҳам  дар асоси  меъёрҳои  ҳудудию маъмурӣ  ва ҳам  дар асоси  меъёрҳои  ҳудудию миллӣ ташкил мегардад.

Имрўз бошад  ҷудоиандозӣ ва бегонагии руҳияи миллиро толибон боз аз сари нав бунёд карда, раванди паштунгароиро  амалӣ  намуда истодаанд, ки ин  аз надоштани ҳувияти миллӣ ва муштаракоти кўчигароии таърихӣ ва ифротгароии онҳо мебошад.

Аз ин рў метавон гуфт, ки дар ҳаёти  сиёсӣ ва муштаракоти  қавмҳои  мухталифи  Афғонистон мо шоҳиди зуҳури як азми ягонаи  миллӣ, мисли ангеза, ирода, андеша ва хостаҳои ҳамагонии куллияи сокинони кишвар буда бошад, нестем. Дар Афғонистон сабаби асосии  бисёре аз низоъҳои қавмӣ ва байниқавмӣ дар рақобат ва хусумати рустоӣ доштани қабилаҳо мебошад. Бинобар ин, даст задан ба ҳар василае дар ҷиҳати ҳифзи қудрат, бештар ба бархўрдҳои хушунатомез ва натиҷаи рақобат ва баҳсҳои доимӣ миёни роҳбарони  қабилаҳо гардидааст, ки  ягонагии мардуми ин кишварро  халалдор менамояд. Қабилагароии паштунҳо  билохира метавонад ин кишварро пора-пора намуда, дигар  халқиятҳои   озодандешро ба  ҷудоиандозӣ бурда расонад.

Низоъҳои қавмӣ. чуноне ки собит  шуд, ҳамеша ба фурўпошӣ ва фоҷиаи  миллӣ анҷом меёбад. Имтиёз ва фурўпошии миллӣ манфиатҳои ҳеҷ гурўҳи қавмиро аз ҷумла  толибонро, низ таъмин ва тазмин карда наметавонад. Бузургманишии қавмӣ, бартариҷўӣ ва паштунгароӣ дар шароити ҷомеае мисли Афғонистон ҷуз маҳрумияти буҳронофарини ақибафтодагӣ ва бемории сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ дастоварди дигаре барои ин кишвари азияткашида нахоҳад дошт. Амалҳои  ихтилофи қавмӣ, бераҳмӣ, беқонунӣ, куштори   пиру ҷавон ва  занону кўдакон паст шудани  обрў ва имиҷи  ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ  мебошад.

Ҳамаи инро ба  назар гирифта, вобаста ба  сохтори давлатии ин кишвар мавқеи  Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хеле ҷолиб арзёбӣ гардидааст: « Сохтори давлатӣ дар ин кишвари ҳамсоя бо роҳи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян карда шавад. Тоҷикистон ҳеҷ гуна ҳукумати дигарро, ки дар ин кишвар бо роҳи зулму таъқиб, бе дарназардошти мавқеъи кулли мардуми Афғонистон, бахусус тамоми ақаллиятҳои миллии он таъсис дода мешавад эътироф нахоҳад кард». Инчунин сарвари давлатамон таъкид менамоянд, ки  тоҷикон дар Ҳукумати ояндаи Афғонистон бояд ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.

Аз ин рў, бояд ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои демократии ҳуқуқбунёд  дар масъалаи ба сари ҳокимият омадани толибон ва эътирофи онҳо  принсипҳои демократиро қатъан риоя намоянд. Эътирофи  толибон  ин дастгирии терроризми байналмилалист. Кишварҳои абарқудрат ва умуман  ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар масъалаи  эътирофи  ҳукумати толибон бояд ба саросемагӣ роҳ надиҳанд. Инчунин дар ин росто  ҳифзи арзишҳои демократӣ  ва ҳуқуқи инсон бояд ба инобат  гирифта шавад, яъне онҳо бояд принсипҳои  инсондўстии  ҳуқуқи башарро бояд эҳтиром ва риоя намоянд.

                                                        АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 13, 2021 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«Туту.ру»: Тоҷикистон ба панҷгонаи маъруфтарин кишварҳои мавсими махмалин барои русиягиҳо шомил гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН. Бахшида ба ин сана дар Тоҷикистон Анҷумани VIII маҳфили «Ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд» оғоз меёбад
БАРОИ ЭЛЕКТРОМОБИЛҲО ЧАРОҒАК САБЗ АСТ. Тоҷикистон ният дорад истифодаи чунин воситаҳои нақлиётро афзоиш дода, воридоти онҳоро аз пардохтҳои андозӣ ва гумрукӣ пурра озод кунад
Узбекистон тасмим гирифтааст, ки миёни Бухоро ва Душанбе хатсайри мустақим ифтитоҳ намояд
ДУ ПОЙ ДАР ЛОЙ. Камол Насрулло таассуб ва хурофотро аз бемориҳои дерину куҳансоле номид, ки бархе аз мардуми мо ба он гирифтор аст
ДАР АВРУПО БИНОБАР НОРАСОИИ ОБ ВА ХУШКСОЛӢ ДАРАҶАИ «СУРХ»-И ХАВФ ҶОРӢ ШУДААСТ. Тоҷикистон ва Нидерланд ба баргузории Конфронси СММ оид ба масъалаҳои об дар Ню Йорк омодагӣ мебинанд
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИН БОРА ҲУШДОР ДОДА БУДАНД. Пиряхҳои Антарктида аз ҳисоби 2-3 дараҷа гарм шудани об тезтар об мешаванд
КҲФ ҲУШДОР МЕДИҲАД: ЭҲТИЁТ КУНЕД! Аз 5 то 8 август дар Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БОРҲО ДАР ИН МАВЗӮЪ ГУФТААНД. Барномаи СММ хабар медиҳад, ки ғарби ИМА метавонад бе об ва барқ бимонад
ОБХЕЗИИ ХАРОБИОВАР ДАР ЭРОН. Президенти Тоҷикистон ба Президенти Эрон барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
COVID-19. Ба Тоҷикистон беш аз 2 миллион воя ваксинаи «КоронаВак» ворид гардид
ТАЛАБОТ БА ЧИПТАҲОИ ҲАВОПАЙМО 10 БАРОБАР ЗИЁД ШУД! Тоҷикистон миёни кишварҳои маъруфтарин барои сафари шаҳрвандони Русия дар ҷои дуюм қарор гирифт

Маводҳои таҳлилӣ