Шумораи махсуси маҷаллаи «Business Central Asia» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 02.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳиндустон шумораи махсуси маҷаллаи «Business Central Asia» ба нашр расида, миёни хонандагони сершумори он паҳн гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар шумораи махсус мақолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «20 соли СҲШ: ҳамкорӣ баҳри субот ва шукуфоӣ», паёми Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва инчунин маълумот доир ба дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар даврони истиқлол ва чорабиниҳои сиёсии байналмилалӣ, ки тайи соли ҷорӣ дар Душанбе доир гардиданд, ҷой дода шудаанд.
Инчунин дар маҷалла мақолаҳои алоҳида доир ба иқдомҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи мудирияти захираҳои об ва ҳифзи пиряхҳо, робитаҳои дуҷониба байни кишварҳои ба ҳам бародари Тоҷикистону Ҳиндустон ҷой карда шудаанд. Фасли иқтисоду рушди маҷалла ба дастовардҳо ва имконияти соҳаҳои саноат ва саёҳати Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар бахши фарҳанги маҷалла мақола бахшида ба ҳаёту фаъолияти шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки ҷиҳати тақвияти пайвандҳои адабию фарҳангии ду кишвар саҳми бузург гузоштааст, ҷой дода шудааст.
Маҷалла бо мақолаҳо ва аксу маълумот доир ба ҷашнҳои миллӣ — Наврӯз, Сада ва Меҳргон- муаррифи фарҳанги ғании миллӣ ва мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом меёбад.
АКСҲО аз ВКХ ҶТ









Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
«ЯК МАТОВУ САД РАНГ». Дар даври вилоятии ин фестивал-озмун шаҳри Хоруғ соҳиби ҷойи якум гардид
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
««Намунаи адабиёти тоҷик»-падидаи таърихӣ-фарҳангӣ дар тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ» дар нашриёти «Дониш» чоп шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид






