«Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ». Таҳти ин унвон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ» конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти ДМТ.
Ба ин муносибат намояндагони илму таълими сохторҳои гуногуни дохилу хориҷи кишвар ба донишгоҳ омада, бо роҳбарии ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ва ҳайати устодону донишҷӯёни факултети филологияи донишгоҳ ба зиёрати оромгоҳи устод Сотим Улуғзода рафтанд. Баъд аз дуову фотеҳа устодони факултет Муртазо Зайниддинзода ва Аламхон Кӯчарзода дар робита ба фаъолияти эҷодӣ ва мавқеи устод С.Улуғзода дар адабиёт сухан гуфтанд.
Меҳмонону устодон дар Шаҳраки донишҷӯён аз Осорхонаи Пешвои миллат дар донишгоҳ ва Ганҷинаи ба номи профессор Шарифҷон Ҳусензода боздид намуданд.
Баъдан дар толори калони бинои асосии донишгоҳ бахши аввали Конференсияи байналмилалии илмию амалии «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Дар он ректори донишгоҳ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода, муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён, адибони шинохтаи ҷумҳурӣ Абдулҳамид Самадов ва Ато Мирхоҷа оид ба ҳаёту фаъолияти Сотим Улуғзода сухан гуфтанд.
Дар ҷараёни ҳамоиш маърӯзаҳои мудири кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои Шарқи хориҷии донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Ҷумъа Ҳамроҳ «Пайвандҳои ҷуғрофиёву миллии осор ва андешаи Сотим Улуғзода», муҳаққиқ, устоди Донишгоҳи Ослои Норвегия Фарида Аҳмадӣ «Баррасии осори Сотим Улуғзода аз дидгоҳи инсоншиносӣ» ва профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ А.О.Худойдодов «Муносибати эҷодии Сотим Улуғзода бо Аҳмади Дониш» баррасӣ шуданд.
Дар хатми ҳамоиш барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби ансамбли халқии «Наврӯз»-и донишгоҳ таҳия гардида буд, намоиш дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоиш дар ду бахш: бахши адабиётшиносӣ ва бахши забоншиносӣ давоми ду рӯз идома ёфта, дар он беш аз 50 маърӯза мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
АКСҲО аз ДМТ










«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид
Намоиши ҷашнии «Тасвири шуҷоат ва мардонагии фарзандони тоҷик дар нигораҳои Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ шуд






