Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Сентябрь 8, 2021 11:40

08.09.2021, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Нӯҳуми сентябр барои мардуми куҳанбунёд, фарҳангсолор ва шарафманди тоҷик яке аз санаҳои сарнавиштсози таърихӣ ва лаҳзаҳои хушбахтиву сарбаландӣ мебошад.

Халқи азизи Тоҷикистон сиюмин солгарди истиқлолу озодии кишвари маҳбуби худро бо эҳсоси саршор аз ифтихори ватандорӣ таҷлил менамояд.

Зеро истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, нишонаи олии ҳувияти миллӣ, ифтихор ва номуси ватандорӣ, рамзи ҳастии миллати бостонӣ ва соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик ва асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон мебошад.

Бо камоли шодмониву сарфарозӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон – хурду бузурги мамлакат, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги таърихӣ самимона табрику таҳният мегӯям.

Мехоҳам махсус хотирнишон намоям, ки ин рӯзи босаодат, яъне ҷашни сисолагии истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст.

Дар зарфи 30 соли сипаришуда барои расидан ба ин лаҳзаҳои пурнишот мо ҳама якҷо таҳдиду хатарҳои зиёд ва мушкилоти ниҳоят сахту сангинро паси сар кардем.

Роҳи таърихие, ки халқи тоҷик, хусусан, дар солҳои аввали истиқлол сипарӣ намуд, як масири пур аз даҳшату фоҷиа, маҳрумияту машаққат ва монеаву мушкилот буд.

Замоне, ки кишвари соҳибистиқлоли мо ҳанӯз аввалин қадамҳои худро мегузошт, хоинони миллати тоҷик ва душманони давлати тоҷикон бо пуштибонии доираҳои манфиатдори хориҷӣ кишвари моро ба гирдоби мухолифати шадиди дохилӣ ва баъдан ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.

Даҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳеҷ гоҳ аз хотири мардум ва саҳифаҳои таърихи навини кишвар фаромӯш намешавад.

Дар он айёми вазнину мудҳиш фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ пурра фалаҷ гардида, низоми идоракунии давлатӣ амалан барҳам хӯрда, Конститутсия ва дигар қонунҳо поймол ва дар кишвар фазои беҳокимиятиву хушунату зӯроварӣ ҳукмфармо гардида буд.

Бузургтарин фоҷиа дар он рӯзҳо хатари аз байн рафтани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик буд.

Дар чунин шароити фоҷиабор фарзандони огоҳи миллат тасмим гирифтанд, ки барои ҳарчи зудтар хомӯш кардани оташи ҷанг, қатъи хунрезӣ, барқарорсозии сулҳу оромӣ, таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун иҷлосияи Шӯрои Олӣ – ягона мақоми дар он рӯзҳо салоҳиятдоштаи давлатӣ даъват карда шавад.

Бо сабаби он, ки шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти давлати соҳибихтиёр ба иллати ноамнӣ ва беназмиву беқонунӣ мақоми конститутсионии худро амалан аз даст дода буд, иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд даъват гардид.

Маҳз дар ҳамин иҷлосия аввалин қарору иқдомот доир ба қатъи хунрезӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва таъмини сулҳ қабул гардида, заминаҳои нахустини оштии миллӣ гузошта шуданд.

Ман андешаҳои худро доир ба сохти давлатдории Тоҷикистон аввалин маротиба дар иҷлосияи мазкур баён дошта, изҳор карда будам, ки ҷонибдори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам.

Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ба ҳайси давлати истиқлоли худро эълонкарда зиёда аз як сол рамзҳои давлатӣ, яъне Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ надошт.

Дар иҷлосияи тақдирсози Шӯрои Олӣ нахустин рамзи давлатӣ – Парчам қабул карда шуд ва корҳо доир ба таҳияву қабули дигар рамзҳои давлатӣ ва Конститутсия оғоз гардиданд.

Зеро шароити соҳибистиқлолӣ талаб мекард, ки дар кишвар ҳарчи зудтар ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида, Конститутсияи давлати соҳибихтиёр қабул гардад ва дар он мақсаду мароми ҷомеа, давлат ва сохти давлатдорӣ муайян карда шавад.

Ҳамин тавр, 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид ва Президенти кишвар аз ҷониби халқи мамлакат интихоб карда шуд.

Сохт ва моҳияти давлатдорие, ки дар Конститутсия дарҷ гардид, аз ҷониби мардуми кишвар пуштибонӣ ва қабул карда шуд ва дере нагузашта таърих дурустии роҳи интихобкардаи моро собит сохт.

Баробари рушду тараққиёти ҷомеа зарурат пеш омад, ки ба Конститутсия тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шаванд.

Бо ин мақсад солҳои 1999, 2003 ва 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Аз ҷумла дар асоси тағйироти соли 1999 дар мамлакат парламенти касбии иборат аз ду палата – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис дода шуд.

Дар он айём ҳамчунин, барқарор кардани фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, таъҷилан аз байн бурдани хавфи гуруснагӣ, барқарор намудани манзилҳои харобгашта ва иншооту биноҳои сӯхтаву валангоршуда вазифаи фаврии роҳбарияти навинтихобшудаи давлат ба шумор мерафт.

Аз фаъолият бозмондани корхонаҳои истеҳсолӣ, таназзули бошиддати иқтисодиёт, сатҳи баланди бекорӣ, таварруми бесобиқа, кам шудани ҳаҷми даромади буҷети давлат ва афзоиши босуръати сатҳи камбизоатӣ ба воқеияти бисёр вазнини он рӯзҳо табдил ёфта буд.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992 – 1997 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ се баробар ва маҳсулоти кишоварзӣ ду баробар коҳиш ёфт.

Ҳукумати мамлакат, бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди молиявию иқтисодӣ, ба андешидани тамоми тадбирҳои зарурӣ барои рафъи мушкилоти он рӯзҳо оғоз намуд.

Яъне замоне, ки ҳанӯз ҷангу даргириҳо дар минтақаҳои алоҳидаи кишвар идома доштанд, мо дар баробари ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, муҳайё кардани шароити зиндагӣ ва ҷойи кор барои онҳо ҳамаи саъю талоши худро ба ҳалли масъалаҳои барқарорсозии иқтисоди фалаҷгаштаи кишвар сафарбар сохтем ва пастравии иқтисоди миллиро боздошта, танҳо соли 2000-ум ба марҳалаи рушд ворид шудем.

Бояд гуфт, ки ҳанӯз ҳамон давра мо гузариш ба иқтисоди бозорӣ ва ташаккул додани муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосӣ эълон намуда, ба ин васила заминаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварро фароҳам овардем.

Бо ин мақсад ислоҳоти фарогири иқтисодӣ дар тамоми соҳаҳо оғоз гардида, ҷиҳати барқарор ва мукаммал гардонидани низоми идоракунии давлат, дигаргунсозиҳои сохторӣ, таъмини гуногуншаклии моликият, фароҳам овардани шароити мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ, ташаккул додани низоми миллии буҷету андоз ва пуливу қарзӣ, рушди соҳаҳои воқеии иқтисод ва инкишофи бахши иҷтимоӣ тадбирҳои самарабахш андешида шуданд.

Дар ин раванд, таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳамчун ҳадафҳои стратегии миллӣ, ки ояндаи Тоҷикистон ба амалӣ гардидани онҳо вобаста буд, муайян гардиданд.

Маҳз татбиқи ҳадафҳои зикршуда ва амалӣ гардонидани афзалиятҳои пешбинигардида имкон дод, ки дар 20 соли охир суръати миёнаи солонаи рушди иқтисодии кишвар дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000-ум то 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш дода шавад.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ дар ин давра аз 289 сомонӣ то 9 ҳазор сомонӣ расида, беш аз 30 баробар зиёд гардид.

Вале таъкид месозам, ки ин нишондиҳандаҳо бо дарназардошти талаботи замони муосир ҳоло ҳам конеъкунанда нестанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар сиёсати мустақилонаи пулию қарзӣ татбиқ гардида, низоми бонкӣ ташаккул ёфт ва соли 2000-ум пули миллӣ ба муомилот бароварда шуд.

Бо амалӣ гардидани тадбирҳо ва ислоҳот дар соҳаи бонкӣ ташкилотҳои қарзию молиявии шаклҳои гуногун таъсис дода шуданд, ки ҳоло ба мардум ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ хизматрасониҳои бонкиро пешниҳод менамоянд.

Танҳо дар даҳ соли охир (солҳои 2011 – 2020) ба иқтисоди миллӣ беш аз 100 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба соҳибкории истеҳсолӣ 45,8 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст.

Дар натиҷаи таъмин гардидани суботи макроиқтисодӣ даромади пулии аҳолӣ аз 1 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 65,4 миллиард сомонӣ дар соли 2020 афзуда, сатҳи камбизоатии аҳолӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 26,3 фоиз дар соли 2019 коҳиш дода шуд.

Яъне дар бист соли охир сатҳи камбизоатӣ зиёда аз се баробар паст гардид.

Дар ин давра шумораи аҳолии кишвар аз 5,5 миллион нафар то 9,7 миллион нафар, яъне беш аз 1,7 баробар зиёд шуда, сатҳу сифати зиндагии мардум куллан беҳтар гардид ва дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 75,1 сол расид.

Соли 1991 умри миёнаи сокинони кишвар 70,1 солро ташкил мекард.

Суръати афзоиши миёнаи аҳолӣ дар давоми ин солҳо 2,1 фоизро ташкил кард.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба 1,4 миллион оила барои бунёди манзили истиқоматӣ 138 ҳазор гектар замин ҷудо карда шуд.

Яъне беш аз 8 миллиону 800 ҳазор нафар шаҳрвандони мо имконият пайдо карданд, ки шароити истиқоматии худро беҳтар намоянд.

Хотирнишон месозам, ки дар 70 соли то замони истиқлол ба аҳолӣ ҳамагӣ 77 ҳазор гектар замин дода шуда буд.

Дар бист соли охир, яъне аз соли 2001 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба маблағи беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб карда шуд, ки 59 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад.

Дар давраи зикршуда бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи умумии беш аз 91 миллиард сомонӣ зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, бахусус, дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, инчунин, энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва дигар бахшҳо амалӣ карда шуд.

Ҳоло 74 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 40,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ дар даҳ соли охир чор маротиба ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгари ҷаҳон дар самти пешбурди соҳибкориву сармоягузорӣ дохил гардид.

Дар заминаи ислоҳоту тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат имрӯз ҳиссаи бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 70 фоиз, таъмин намудани аҳолӣ бо шуғл ба 68 фоиз ва даромадҳои андозӣ ба буҷети давлат ба 80 фоиз баробар шудааст.

Соҳибкорони мо, махсусан, ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар бунёди беш аз 25 ҳазор иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ саҳм гузоштанд, ки ин ба ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва ҳалли бисёр мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз, ба ҳамаи соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша барои ташаббусҳои созандаву ватандӯстона изҳори сипос менамоям.

Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ислоҳотро дар самти таъмин намудани рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома бахшида, ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад.

Дар сиёсати иқтисодии Ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи саноат ба сифати яке аз омилҳои пешбарандаи иқтисоди миллӣ, таъминкунандаи аҳолӣ бо шуғли доимӣ, сарчашмаи муҳимми даромади буҷети давлат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ эътироф шуда, саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи навбатӣ эълон гардид.

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд карда шуд.

Ҳоло истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 1997-ум 7 баробар афзоиш ёфта, соҳаҳои саноати сабук, металлургия, хӯрокворӣ, истихроҷу коркарди маъдан, саноати кимиё ва масолеҳи сохтмон ба пешравиҳои назаррас ноил шудаанд.

Дар ин давра вобастагии иқтисоди кишвар ба маҳсулоти воридотӣ, аз ҷумла ангишт, масолеҳи сохтмон, бахусус, семент ва бисёр намудҳои маводи ғизоӣ бартараф гардида, барои содироти маҳсулоти саноатии ватанӣ замина фароҳам оварда шуд.

Агар истеҳсоли семент соли 1992-юм 446 ҳазор тоннаро ташкил дода бошад, пас дар соли 2020 ба 4,2 миллион тонна расонида шуд, ки қариб 10 баробар зиёд мебошад.

Истеҳсоли ангишт беш аз 9 баробар зиёд гардида, аз 214 ҳазор тоннаи соли 1992 ба 2 миллион тонна дар соли 2020 расидааст.

Қобили зикр аст, ки танҳо дар панҷ соли охир дар кишвар ба маблағи умумии 44 миллиард сомонӣ маҳсулоти ивазкунандаи воридот истеҳсол шудааст.

Мо барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, ки ба ташкили садҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ва кам кардани муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат намуда, иқтидори содиротии кишварро баланд мебардорад, ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодаем.

Ҳукумати мамлакат тайи замони соҳибистиқлолӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти озуқавории кишвар тавассути ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ ва татбиқи даҳҳо барномаи соҳавӣ, аз ҷумла дар самти таҷдиди сохтори ташкиливу ҳуқуқии хоҷагиҳо, ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои бекорхобида, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, афзоиш додани майдони боғу токзор ва таъмин намудани дастрасии деҳқонон ба манбаъҳои молиявӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид ва мо бо ҳамин роҳ ба суръати баланди рушди соҳаи кишоварзӣ муваффақ гардидем.

Барои пешгирӣ кардани хатари гуруснагӣ ва минбаъд бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи бештар таъмин намудани бозори истеъмолӣ дар давоми солҳои 1995 – 1997 ба аҳолӣ 75 ҳазор гектар замин, ки байни мардум ҳамчун «заминҳои президентӣ» маъмул мебошад, тақсим карда шуд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда аз 112 ҳазор гектар боғу токзори нав бунёд гардида, майдони онҳо ба беш аз 200 ҳазор гектар расид, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ соли 2020 нисбат ба соли 1997-ум 5,4 баробар афзоиш ёфта, ба 33,6 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Тайи солҳои истиқлол мо таҷрибаи бисёр судманди кишти такрориро васеъ ҷорӣ кардем ва ҳар сол дар кишвар дар майдони 200 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳоро ба роҳ мондем.

Ҳоло дар кишвар ҳар сол бо иловаи кишти такрорӣ дар майдони беш аз 900 ҳазор гектар замини обӣ кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида мешавад.

Агар дар 200 ҳазор гектар якнафарӣ соҳиби ҷойи кор шуда бошанд, 200 ҳазор нафар ва дар сурати дунафарӣ ба ҳар як гектар 400 ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор шудаанд.

Дигар манфиати кишти такрорӣ аз он иборат аст, ки мо бо ҳамин роҳ талафоти 138 ҳазор гектар замини барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсимшударо ҷуброн кардем.

Дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ истеҳсоли ғалла 5,3 баробар, картошка 10, сабзавот ва мева 7 баробар зиёд гардида, таъминоти бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватании аз ҷиҳати экологӣ тоза хеле беҳтар гардид.

Бинобар ин, ба тамоми кишоварзони мамлакат, ки тавассути баланд бардоштани маданияти заминдорӣ ва истифодаи самараноки обу замин ба хотири афзун намудани истеҳсоли озуқаворӣ, фаровон гардонидани бозори истеъмолӣ ва таъмин кардани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ, яъне ҳифзи амнияти озуқавории кишвар софдилона заҳмат мекашанд, миннатдории самимӣ баён менамоям.

Муваффақ шудани давлатамон ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ – раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ дастоварди бузурги даврони истиқлол мебошад.

Бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, даҳҳо лоиҳаи сармоягузориро татбиқ намуд, ки дар доираи онҳо дар кишвар беш аз 2200 километр роҳи байналмилалии мошингард, 220 километр роҳи оҳан, 237 пул ва 5 нақби мошингузар бунёд гардида, ҳоло корҳо дар дигар лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба бунёди роҳҳо идома доранд.

Инчунин, дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар се соли охир бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд ва таъмиру таҷдиди беш аз 4,5 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ ва дохили шаҳру ноҳияҳо анҷом дода шуда, корҳо дар ин самт минбаъд низ идома дода мешаванд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати васеъ намудани ҷуғрофияи ҳамлу нақли молу маҳсулот, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои нақлиётӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳо намудану ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон дар солҳои минбаъда 1500 километр роҳҳои мошингарди сатҳи байналмилалӣ бунёд менамояд.

Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт зиёда аз 60 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 20,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Лоиҳаҳои дар соҳаи роҳу нақлиёт амалигардида имконият фароҳам оварданд, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо дар зарфи ду соли охир бист зина боло рафта, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлат зинаи панҷоҳумро ишғол намояд.

Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳид табдил ёфт, яъне робитаи заминии байни ҳамаи минтақаҳои он дар чор фасли сол таъмин гардид.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ, инчунин, барои рушди соҳаи энергетикаи кишвар 34 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 57,2 миллиард сомонӣ татбиқ карда шуд.

Ҳоло дар ин самт боз 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 16,4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида истодааст.

Иншооти бузурги гидроэнергетикӣ, аз ҷумла нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда – 1» ва «Сангтӯда – 2», ду агрегати нерӯгоҳи «Роғун», марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе, садҳо нерӯгоҳи барқи обии хурд, хатти интиқоли барқи 500 – киловолтаи «Ҷануб – Шимол», дигар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат ва зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор сохта, ба истифода дода шуда, татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA – 1000 ва сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» бомаром идома дорад.

Инчунин, таҷдиди нерӯгоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии қариб 12 миллиард сомонӣ (беш аз як миллиард доллар) идома дорад, ки баъди анҷом ёфтани корҳо иқтидор ва муҳлати истифодаи онҳо хеле зиёд мегардад.

Дар замони соҳибистиқлолӣ иқтидори энергетикии мамлакат тадриҷан зиёд гардида, аз 4044 мегаватти соли 1991-ум ба 6131 мегаватт дар соли 2020 расонида шуд.

Дар натиҷаи корҳои амалигардида низоми ягонаи энергетикии мамлакат ташаккул ёфта, маҳдудияти таъмини аҳолӣ бо барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бартараф гардид, ки ин низ аз дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Хотирнишон месозам, ки баъди пурра ба кор даровардани нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» иқтидори энергетикии Тоҷикистон ба зиёда аз 9781 мегаватт мерасад, яъне 60 фоиз меафзояд ва мо ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардем.

Имрӯз Тоҷикистон дар арзёбии дастрасӣ ба қувваи барқ дар таҳлилҳои Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ ҷойи дуюмро ишғол намуда, аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад ва баъди пурра ба истифода додани нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боз ду зина боло рафта, мақоми чорумро ишғол менамояд.

Тоҷикистон дар беҳдошти вазъи экологии минтақа ва сайёра вобаста ба ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад.

Зеро 96 фоизи нерӯи барқ дар кишвари мо аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия истеҳсол мегардад.

Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои даврони истиқлол, мехоҳам хотирнишон созам, ки мо ҳанӯз ҳам дар оғози марҳалаи рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва раванди ободонии Ватани азизамон қарор дорем ва барои амалӣ намудани нияту нақшаҳои некамон бояд боз ҳам бештар ва содиқона заҳмат кашем.

Аз ин рӯ, мо дар солҳои минбаъда низ бо роҳи баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисодиёт, саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва инкишофи нерӯи инсонӣ ба таъмин намудани рушди устувори кишвар ҳамчун вазифаи асосӣ афзалият медиҳем.

Дар ин замина, мо саъю талош дорем, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар боз ҳам баланд бардошта шавад ва Тоҷикистон ба сафи кишварҳои сатҳи даромадашон миёна дохил гардад.

Ҳамватанони азиз!

Дар солҳои истиқлоли давлатӣ рушди соҳаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокиву саводнокии мардум, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва зина ба зина беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии сокинони кишвар ҳамаи захираву имкониятҳо сафарбар карда шуданд.

Тибқи талаботи замони муосир дар тамоми зинаҳои таҳсилот стандартҳои нави таълимии давлатӣ ҷорӣ гардиданд.

Маблағгузории соҳаи маориф дар замони истиқлоли давлатӣ садҳо баробар афзуда, беш аз 3 ҳазор бинои нави таълимӣ барои 1 миллиону 270 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода супорида шуд.

Ҳоло муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар 2 миллиону 109 ҳазор нафар хонандагонро ба таҳсил фаро гирифтаанд.

Имрӯз дар мамлакат 75 гимназия ва 75 литсей, 9 мактаби президентӣ, 6 литсей барои хонандагони болаёқат ва 63 муассисаи таълимии хусусӣ фаъолият дорад.

Ҳамзамон бо ин, дар кишвар 78 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ бо фарогирии 87 000 нафар донишҷӯ фаъолият дошта, вобаста ба талаботи бозори меҳнат аз рӯйи садҳо ихтисос мутахассис тайёр мекунанд.

Агар соли 1991 шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҳамагӣ 13 ва донишҷӯён 70 ҳазор нафарро ташкил карда бошад, имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба 41 ва донишҷӯён ба 245 ҳазор нафар расидааст.

Мо дар замони истиқлол ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва дар навбати аввал, русиву англисӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори ҷиддӣ додем ва бо қаноатмандӣ изҳор медорем, ки дар ин самт ба пешравиҳои бесобиқа ноил гардидем.

Имрӯз беш аз 40 ҳазор нафар ҷавонони боистеъдоди Тоҷикистон, ки донандагони забонҳои хориҷӣ мебошанд, дар 33 давлати пешрафтаи ҷаҳон ва зиёда аз 100 ҳазор нафар, ки ҳамчунин донандаи забонҳои хориҷӣ мебошанд, дар дохили кишвар таҳсил карда истодаанд.

Мо ба масъалаи рушди илми ватанӣ, хусусан, илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дода, Академияи илмҳоро, ки ниҳоди асосии пешбарандаи илми ватанӣ мебошад, дар замони соҳибистиқлолӣ на танҳо ҳифз кардем, балки ба он мақоми баланди миллиро сазовор донистем.

Илова бар ин, ҷиҳати омода кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ Комиссияи олии аттестатсионӣ таъсис дода шуд.

Бо дарназардошти он ки рушди тафаккури техникӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ аз ҷумлаи масъалаҳои мубрами рӯз мебошад, мо солҳои 2020 – 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон кардем, ки ҳоло амалисозии чорабиниҳои он оғоз шудааст.

Ҳамчунин, бо мақсади тақвият бахшидан ба рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ, ихтироъкориву навоварӣ ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон имсол шабакаи алоҳидаи телевизионии «Илм ва табиат» таъсис дода, озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» эълон карда шуд, ки ҳамасола баргузор хоҳад гардид.

Мо барои дастгирии омӯзгорони пешқадами фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ мукофоти махсуси давлатӣ таъсис додем ва бо мақсади ташвиқи омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмуни зикршуда ғолиб мешаванд, мукофоти пулӣ муқаррар намудем.

Бо амалӣ намудани иқдомоти зикршуда мо бовар дорем, ки пешрафти илм, ташаккули тафаккури илмиву техникии муосир, тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ дар байни наврасону ҷавонон ва ихтироъкориву навоварӣ такони ҷиддӣ пайдо карда, ин раванд ба пешрафти ояндаи Тоҷикистон ва табдил ёфтани он ба кишвари саноативу аграрӣ ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.

Зеро ояндаро бидуни технологияҳои пешрафтаи коммуникатсиониву рақамӣ тасаввур кардан аз имкон берун мебошад.

Мо мушоҳида карда истодаем, ки дар ҳазораи нав, яъне дар асри пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо давлатро бо низоми асримиёнагӣ ва хурофоту тафаккури ақибмонда обод кардан ғайриимкон аст.

Баръакс, давлатро танҳо кадрҳои пешрафтаву донишманд, соҳибмаърифату баландихтисос ва навовару ихтироъкор метавонанд соҳибӣ кунанд ва тараққиёти онро таъмин намоянд.

Дар шароите, ки кишварҳои пешрафта ҳар рӯз як кашфиёту ихтироъкорӣ мекунанд, технологияҳои ба талаботи рӯз мувофиқ истеҳсол менамоянд, мо низ бояд кӯшиш кунем, ки аз дигарон ақиб намонем ва кишвари худро аз дастнигарӣ раҳо созем.

Вобаста ба ин, як мисол меорам.

Соли дуюм аст, ки аҳли башар аз пандемияи коронавирус ранҷ мекашад.

Вақте инсон бемор мешавад, фақат ба мутахассис, яъне табиб муроҷиат мекунад, зеро ин беморӣ ва ҳар гуна бемории дигарро бо хурофот пешгирӣ намудану табобат кардану аз байн бурдан илоҷ надорад.

Мову шумо шоҳидем, ки ваксина, яъне илоҷи пешгирӣ кардани ин беморӣ ва дигар дорувориву таҷҳизоти табобати онро кишварҳои тараққикарда, яъне онҳое, ки соҳиби илм, дониш, ихтирооту навоварӣ ва техникаву технологияҳои пешрафта мебошанд, пайдо карданд ва мардуми худро аз хатару ранҷи бемории зикршуда наҷот бахшиданд.

Як нуктаро борҳо гуфтаам ва ҳоло бори дигар такрор мекунам, ки бесаводӣ ва сатҳи пасти маърифат асоси хурофот, ифротгароӣ ва ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон танҳо бадбахтӣ меорад.

Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандии дар кишвари мо рухдода ин ҳақиқатро возеҳ нишон дод, ки мо онро ҳаргиз фаромӯш намекунем.

Мо то имрӯз бо мушкилоти нарасидани кадрҳои баландихтисос рӯ ба рӯ ҳастем.

Зеро аз ҳар кишваре, ки дар он ҷангу нооромӣ мешавад ва ҷаҳолату хурофот ҳукмфармо мегардад, пеш аз ҳама, беҳтарин кадрҳо, яъне олиму донишманд, табибу муҳандис, устоду омӯзгор, ҳунарманду меъмор, ихтироъкору навовар ва тоҷиру соҳибкор ба кишвари дигар кӯч мебандад.

Маҳз ба ҳамин хотир, ман дар тамоми давраи соҳибистиқлолӣ рушди илму маорифро ҳамчун самти муҳимтарин ва аввалиндараҷаи сиёсати давлат дастгирӣ менамоям.

Илм, маориф ва техникаву технологияҳо ҳар қадар рушд ёбанд, давлат ҳамон қадар рушду тараққӣ мекунад ва сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар мегардад.

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешрафта мақоми сазовор дошта бошад, ба рушди илму маориф ва техникаву технологияҳо, бахусус, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ эътибори боз ҳам бештар диҳем.

Кадрҳои донишманд, соҳибкасбу баландихтисос ва содиқ ба Ватан, давлат ва миллатро тарбия кунем ва зимоми корҳои давлатро ба дасти онҳо супорем, зеро ояндаи Ватан ва соҳибони фардои давлат наврасону ҷавонони имрӯзаи мо мебошанд.

Дӯстони азиз!

Ҳифзи солимии аҳолӣ дар даврони истиқлоли давлатӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат эълон гардида, барои рушди соҳаи тандурустӣ то имрӯз тамоми тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.

Бори дигар изҳор медорам, ки барои давлат миллати солим зарур аст.

Маблағгузории соҳаи тандурустӣ сол ба сол зиёд гардида, танҳо дар 20 соли охир беш аз 16 миллиард сомониро ташкил кард.

Дар ин давра барои фароҳам овардани шароити мусоиди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии мамлакат зиёда аз 2550 муассисаи нави тиббӣ бунёд карда шуд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин гардид.

Инчунин, дар доираи омодагӣ барои таҷлили 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар қариб 2000 иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ 33 ҳазор нафар ҷавонон муассисаҳои таҳсилоти олии тиббӣ ва беш аз 158 ҳазор нафар коллеҷҳои тиббиро хатм карданд.

Дар натиҷаи тадбирҳои барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ амалигардида соли 2020 нисбат ба соли 1991 фавти кӯдакон 3 баробар ва фавти модарон 4 баробар коҳиш ёфт.

Аз ин ҳисоб афзоиши табиии аҳолӣ мунтазам дар сатҳи 2,1 фоиз таъмин гардида, соли ҷорӣ ба 2,4 фоиз расидааст.

Пайдо ва паҳн шудани бемории сироятии коронавирус барои низоми тандурустии кишвар имтиҳони ҷиддие буд, ки табибони мо онро паси сар карданд ва имрӯз низ дар ҷабҳаи пеши мубориза бо ин бемории хатарноки сироятӣ қарор доранд.

Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносон ва кормандони озмоишгоҳҳо яке аз вазифаҳои муҳимму фаврӣ мебошад.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлат буда, ҷорӣ намудани низоми нави таъйину пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат яке аз дастовардҳои даврони истиқлол дар ин самт мебошад.

Дар ин замина, низоми пардохти кумакпулиҳо ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил менамоянд, амалӣ гардида, ба зиёда аз 753 ҳазор нафар хонандагон аз оилаҳои камбизоат кумакпулӣ пардохт шуда истодааст.

Илова бар ин, аз соли 2011 инҷониб усули унвонӣ ва мақсадноки расонидани кумакҳо роҳандозӣ гардид, ки ҳоло шумораи гирандагони чунин кумакпулии иҷтимоӣ 248 ҳазор оиларо ташкил медиҳад.

Ҳукумати мамлакат ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ, хусусан, маъюбону ятимон таваҷҷуҳи доимӣ ва хосса зоҳир менамояд.

Танҳо дар панҷ соли охир нафақаи маъюбон, ки шумораи умумиашон дар кишвар беш аз 157 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, вобаста ба категорияҳои онҳо аз 1,4 то 2 баробар зиёд карда шуд.

Дар ин давра афзоиши андозаи нафақаи ятимони кулл ва бепарасторон, ки қариб 85 ҳазор нафар мебошанд, 1,9 баробарро ташкил кард.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ шумораи муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4,5 баробар зиёд гардида, соли 2021 ба 113 муассиса, аз ҷумла 7 хона – интернат барои пиронсолон ва маъюбон расонида шуд.

Маблағгузорӣ ба сари як нафар бошандаи хона – интернатҳои пиронсолон ва маъюбон дар ин давра 757 баробар афзоиш ёфта, соли 2021 ба 26 ҳазор сомонӣ расидааст.

Дар баробари ба танзим даровардани муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигар масоили вобаста ба он, ки имрӯз ба як раванди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, Ҳукумати мамлакат ба хотири паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ тамоми чораҳоро андешида истодааст.

Дар натиҷаи татбиқи барномаҳои гуногун танҳо дар ҳашт соли охир зиёда аз як миллион ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуда, шумораи шаҳрвандоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, аз 1 миллиону 100 ҳазор дар соли 2012 то 400 ҳазор нафар дар соли 2019, яъне 64 фоиз кам гардид.

Мо андешидани тадбирҳоро дар ин самт боз ҳам вусъат мебахшем, зеро ташкили ҷойҳои корӣ барои сокинон яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони истиқлоли давлатӣ мақоми занону бонувон дар ҷомеа тақвият пайдо карда, фаъолияти онҳо дар вазифаҳои роҳбарии шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ бамаротиб вусъат ёфт.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат саҳми бонувону занонро дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хусусан, дар солҳои вазнину ҳассоси оғози соҳибистиқлолӣ, барқарорсозии баъдиҷангӣ ва давраҳои минбаъдаи рушди кишвар ҳамеша қадр менамояд.

Мо ифтихор мекунем, ки имрӯз бонуи тоҷик ҳамчун чеҳраи сиёсӣ, вакил, олим, омӯзгору табиб ва муҳандису адиб шинохта шудааст ва сафи бонувони олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор ва хоҷагидору соҳибкор торафт меафзояд.

Гузашта аз ин, имрӯз дар кишвар соҳае нест, ки бонувону духтарони тоҷик дар он фаъолият надошта бошанд.

Ҳоло 23,3 фоизи шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ ва беш аз 18 фоизи кадрҳои роҳбарикунанда занон мебошанд.

Дар соҳаҳои калидии иҷтимоӣ, яъне маориф имрӯз беш аз 73 фоиз, илм 26,5, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 68 ва фарҳанг 51 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Мо минбаъд низ ташаббусҳои занону бонувонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва мақоми иҷтимоии занону духтарон, ҳалли масъалаҳои ҳаёти онҳо, аз ҷумла бо роҳи омӯзонидани илму дониш, касбу ҳунар ва муҳайё кардани ҷойҳои корӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем.

Зеро бори дигар изҳор медорам, ки зиндагӣ аз зан – модар сарчашма мегирад ва занону бонувони мо як боли қавии давлати соҳибихтиёрамон мебошанд.

Ман аз рӯзҳои аввали ба ҳайси Роҳбари давлат интихоб шуданам ба шароити зиндагӣ ва мушкилоту масъалаҳои ҳаёти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса дорам.

Тибқи таҳлили созмонҳои байналмилалӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз кишварҳои дорои аҳолии зиёди ҷавон буда, синни миёнаи аҳолии он 22,5 солро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки тамоми ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла доир ба зиёд кардани шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ маҳз ба ҷавонони ояндасози Ватан ва ҷомеа нигаронида шудаанд.

Агар соли 2009 ҳиссаи ҷавонони то 35 – сола дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ 35 фоизро ташкил дода бошад, ин шумора имрӯз ба 47 фоиз расидааст.

Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон наврасону ҷавононе ба камол расиданд, ки имрӯз мо бо ҳисси миллӣ ва садоқати онҳо ба Ватан, инчунин, бо сатҳи илму дониш, одобу ахлоқ ва саъю талоши ин насл воқеан ифтихор мекунем.

Ҳоло ҷавонони донишманду соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва далеру ғаюри мо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар бунёди иншооти азиму тақдирсози кишвар, ободонии Ватан, ҳифзи суботу оромии мардум ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистон саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд.

Имрӯз 90 фоизи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва беш аз 50 фоизи бунёдкорони иншооти сарнавиштсози мо – нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ҷавонон ташкил медиҳанд.

Умуман бояд гуфт, ки ҳоло рушди ягон соҳаи ҳаёти давлат ва ҷомеаро бидуни иштироки фаъолона ва саҳми арзишманди ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад.

Фароҳам овардани шароит ҷиҳати рушди соҳаи варзиш, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад, пеш аз ҳама, барои наврасону ҷавонон ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо мебошад.

Дар тамоми қаламрави кишвар то замони истиқлол камтар аз ҳазор иншооти варзиш вуҷуд дошт.

Имрӯз ин шумора ба 10 ҳазору 220 расидааст.

Яъне шумораи иншооти варзиш беш аз даҳ баробар афзудааст, ки ба устувор шудани заминаи моддиву техникӣ барои рушди варзиш, оммавигардонии он ва омода сохтани варзишгарони сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз миёни наврасону ҷавонон мусоидат карда истодааст.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати пирӯзиҳои варзишгарони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ 5743 маротиба Парчами Тоҷикистони азизи мо афрохта шуда, 1797 маротиба Суруди миллии давлати тоҷикон садо додааст.

Дӯстони арҷманд!

Баъди ба даст овардани неъмати бузурги истиқлолу озодӣ мо ба эҳёи арзишҳои милливу фарҳангии мардуми куҳанбунёдамон оғоз кардем.

Тоҷикон аз замонҳои хеле қадим, яъне дар тӯли таърихи беш аз 6000 – солаи худ соҳиби саводу дониш, девону дафтар, меъмору шаҳрсоз, шаҳрдору шаҳрнишин, яъне миллати фарҳангсолору тамаддунсоз мебошанд.

Маҳз ба ҳамин хотир, яъне ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва худогоҳиву худшиносии мардум, инчунин, барои тарбияи наслҳои имрӯза истифода кардани мероси бузурги ахлоқиву маънавӣ ва арзишҳои ҷовидонаи фарҳангии гузаштагон мо тайи сӣ сол даҳҳо ҷашну чорабиниҳои муҳимро баргузор намудем.

Ҷашни 1100 – солагии давлатдории Сомониён, 2700 – солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1150 – солагии устод Рӯдакӣ, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 1000 – солагии Носири Хусрав, 800 – солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700 – солагии Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ, 2700 – солагии шаҳри Кӯлоб, 2500 – солагии шаҳри Истаравшан, 3000 – солагии маданияти Ҳисор, 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва даҳҳо ҳамоиши дигар аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар ин раванд, мо мероси мусиқии «Шашмақом» ва «Фалак», ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Тиргон ва Садаро дубора эҳё кардем.

Бо саъю талош ва заҳмату кӯшиши беш аз шашсолаи мо ва дастгирии дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ойини воқеан мардумии мо, ки таърихи беш аз 6000 – сола дорад, ҷаҳонӣ гардид ва мо имрӯз ифтихор мекунем, ки ҷашни бостонии мардуми мо – Наврӯз мақоми байналмилалиро соҳиб гардидааст.

Мо, ҳамчунин, барои нигоҳдорӣ ва муаррифии мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии халқи тоҷик як силсила тадбирҳои мушаххас андешидем.

Дар натиҷа «Шашмақом», «Саразм», «Боғи миллии Тоҷикистон», «Наврӯз» ва «Чакан» ба феҳристи мероси ҷаҳонӣ ва феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд.

Бунёд ва ба фаъолият оғоз кардани бинои нави Китобхонаи миллӣ барои 10 миллион нусха китоб, Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Наврӯзгоҳ, театри шаҳри Хоруғ ва 40 қасри фарҳанг дар маркази шаҳру ноҳияҳои мамлакат аз дастовардҳои арзишманди фарҳангии мо дар даврони истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

Дар зарфи сӣ соли гузашта санъаткорону ҳунармандони Тоҷикистон ба даҳҳо кишвари дунё сафарҳои ҳунарӣ анҷом дода, санъату ҳунари миллии тоҷиконро ба таври арзанда муаррифӣ карданд.

Бо ифтихору қаноатмандӣ иброз медорам, ки дар тӯли сӣ соли соҳибихтиёрӣ барои таъмин намудани пешрафти забони тоҷикӣ ҳамчун нишонаи возеҳи ҳастии миллати тоҷик ва асоси маънавиёту худшиносии тоҷикон корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Қабул гардидани қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва эълон шудани Рӯзи забони давлатӣ боз як қадами муҳим дар роҳи эҳтирому бузургдошти забони тоҷикӣ ва боз ҳам тавсеа бахшидани вазифаҳои ҷамъиятии он гардид.

Яке аз омилҳои асосии пойдорӣ ва густариши забони адабии тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ эҳтироми мардуми соҳибмаърифати мо ба китобу китобхонӣ мебошад.

Бамаротиб зиёд гардидани чопи китобҳои нав, бознашри асарҳои мондагори нависандагону шоирони классику муосири тоҷик, аз ҷумла силсилаи «Ахтарони адаб», инчунин, осори адибони номвари ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ на танҳо ба рушди забондониву суханронии оммаи васеъ, балки ба густариши худогоҳии миллӣ, тавсеаи ҷаҳони маънавӣ, боз ҳам боло рафтани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон, махсусан, насли наврасу ҷавон ва арҷгузорӣ ба таърих, забон ва фарҳанги миллӣ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Яке аз иқдомоти охирин, ки ҳоло дар ин росто амалӣ гардида истодааст, бо супориши Роҳбари давлат бознашр кардан ва ба ҳар як оилаи кишвар дастрас намудани шоҳасари «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров мебошад.

Мо ба хотири ҳифзи мероси ҷовидонаи гузаштагонамон, арзишҳои бостониву ғановатманди миллӣ ва истифодаи онҳо барои пойдории давлату миллатамон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мекунем.

Мо бо ифтихор аз ҳувияти миллии худ, яъне тоҷикият, таърихи беш аз 6000 – солаи халқамон, забони ширину шоиронаи тоҷикӣ, фарҳангу тамаддуни асилу бостонӣ, мероси оламшумули ҷовидонаи гузаштагон ва арзишҳои миллиамон онҳоро ҳифз мекунем, эҳтиром мегузорем ва ба наслҳои оянда дар шакли боз ҳам пешрафта ва рушду тақвиятёфта ба мерос мегузорем.

Ҳамватанони азиз!

Мо ҳанӯз дар иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро роҳи ояндаи худ эълон кардем.

Дар робита ба ин, як масъалаи муҳим қобили таъкид аст: давлатсозиву давлатдорӣ ҳамчун раванди дуру дарози сиёсӣ талаб мекунад, ки бо дарназардошти рушди ҷомеа тадбирҳои пай дар пай амалӣ карда шаванд.

Бо дарки чунин зарурат дар тӯли сӣ соли истиқлол дар кишвари мо корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтор ва фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти иҷроия пайваста такмил дода шуд.

Бо мақсади ҳифзи ҳамаҷонибаи истиқлоли давлатӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзии кишвар, ҳамчунин, бо дарназардошти таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ва пешгириву бартараф намудани онҳо сохтор ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат низ мукаммал гардид.

Мо Қувваҳои Мусаллаҳи худ, яъне яке аз рукнҳои асосии давлатдориро аз сифр таъсис додем.

Қобили зикри махсус аст, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар барқарор намудани ҳокимияти конститутсионӣ ва хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ саҳми барҷастаи таърихӣ гузоштанд.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ба тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва собиқадорони хизмати ҳарбӣ барои хизмати содиқона ва ҷасорату далерие, ки дар мубориза бар зидди нерӯҳои тахрибкор ва душманони миллату давлати тоҷикон нишон додаанд, сипосу миннатдории самимӣ баён менамоям.

Дар ин роҳ садҳо нафари онҳо ҷони худро қурбон кардаанд, ки Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон номи некашонро ҳамеша гиромӣ медоранд.

Бо эътимоди комил иброз медорам, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мо минбаъд низ истиқлолу озодии Ватан, марзу буми кишвар ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистонро аз ҳама гуна таҳдиду хатарҳо содиқона ва ҷавонмардона ҳифз намуда, қарзи фарзандии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи хеш бошарафона иҷро хоҳанд кард.

Таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, волоияти қонун, мубориза бо ҷинояткорӣ, бахусус, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла терроризм ва ифротгароӣ вазифаи аввалиндараҷаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Бовар дорам, ки кормандони мақомоти мазкур вазифаи худро минбаъд низ бо масъулияти баланд дар назди давлат ва халқи Тоҷикистон иҷро мекунанд.

Мо бояд сулҳу оромии Ватан, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллиро эҳтиёт кунем, амнияти давлат, волоияти қонун ва зиндагии осоиштаи халқамонро бо ҳушёриву зиракӣ ва заҳмати содиқона таҳким бахшем.

Таъмин намудани амнияти ҷомеа ва ҳаёти осоиштаи сокинони мамлакат вазифаи аввалиндараҷаи давлат мебошад.

Вобаста ба ин, суханони худро, ки борҳо гуфтаам, бори дигар хотирнишон ва таъкид месозам: яке аз хатарҳои асосӣ барои имрӯзу ояндаи минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кишвари мо равияҳои радикалӣ, ифротгаро ва хурофотӣ мебошад.

Бинобар ин, мо барои таъмин намудани амнияти минтақа ва оромиву суботи сиёсӣ дар кишварҳоямон бояд андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангшударо дар ин самт вусъат бахшем.

Дӯстони азиз!

Тоҷикистон пас аз гузаштан аз марҳалаи аввали истиқлол, ки даврони душвори ба эътидол овардани вазъият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ буд, дарҳои худро барои кишварҳои олам боз кард ва бо эълони сиёсати «дарҳои кушода» вориди арсаи равобити байналмилалӣ шуд.

Кишвари мо на танҳо мақому нуфузи худро дар ҷаҳон боло бурда, арзишҳои воло ва мероси ғании мардуми шарифи тоҷикро ба аҳли олам муаррифӣ намуд, балки дар ҳаллу фасли масоили минтақавию байналмилалӣ ва пешбурди рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона иштирок кард ва нақш офарид.

Мо чун давлати пешбарандаи сиёсати «дарҳои кушода» бо тамоми кишварҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро роҳандозӣ мекунем ва густариш медиҳем.

Имрӯз Тоҷикистон бо 179 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ дорад ва бо талошҳои муассири худ дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст.

Мо муаллифи чаҳор ташаббуси бузург, аз ҷумла Соли байналмилалии оби тоза 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005 – 2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 2018 – 2028 мебошем, ки аҳаммияти глобалӣ доранд.

Тоҷикистон дар даҳҳо созмони минтақавию байналмилалӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ узвият дошта, ҳамроҳ бо дигар кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сайёра саҳми босазо мегузорад.

Кишвари мо бо такя ба таҷрибаи сулҳофаринии худ аз роҳи музокирот ва машваратҳо дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ фаъолона саҳм мегузорад.

Дар ин росто, Тоҷикистон ба густариши робитаҳои ҳамаҷониба бо ҳамсояҳои наздик, яъне кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва шарикони стратегии худ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Мо дар сафи пеши муборизаи ҷомеаи байналмилалӣ бо терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар қарор дошта, ҷиҳати таъмини сулҳу суботи сартосарӣ бо шарикони худ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ пайваста иқдомоти зарурии муштаракро роҳандозӣ менамоем.

Аз лаҳзаҳои нахустини ба даст овардани истиқлоли давлатӣ кишвари мо ба манзури пешбурди робитаҳои созанда бо кишварҳои олам ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ дар созмонҳои бонуфузи минтақавӣ фаъолона ширкат дорад ва аз ҳамкориҳои бисёрҷониба пуштибонӣ мекунад.

Алҳол Тоҷикистон ба ҳайси кишвари раисикунанда дар Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Арал барои густариши бештари ҳамкориҳои минтақавӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои зикршуда кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту сулҳофар, пайрави арзишҳои демократӣ ва ҳамгироӣ шинохта шудааст.

Ман андешаҳои худро доир ба вазъи кишвари ҳамсоя ва дӯсти мо – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 22-юми июли соли ҷорӣ муфассал баён карда будам.

Мушоҳидаву таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар муддати беш аз як моҳи гузашта вазъият дар ин кишвар, мутаассифона, боз ҳам мураккабу ҳалокатбор ва боиси нигаронии ҷиддии мамолики минтақа ва ҷаҳон гардид.

Сокинони ин кишвар, ки беш аз чил соли охир дар шароити ҷангу нооромӣ умр ба сар мебаранд, вақтҳои охир бо мушкилоти боз ҳам бештари амниятӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудаанд.

Дар робита ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки барои ба миён омадани чунин вазъи фоҷиабор мардуми Афғонистон бо таъриху тамаддун ва фарҳанги чандинҳазорсолаи худ гуноҳ надоранд.

Ноамнӣ ва бадбахтие, ки ба сари мардуми ин кишвари бостонӣ омадааст, натиҷаи дахолати кишварҳои хориҷӣ, яъне фаъолияти доираҳои манфиатдори минтақа ва ҷаҳон мебошад, ки ҳоло низ идома дорад.

Бинобар ин, мавқеи Тоҷикистонро доир ба қазияи Афғонистон такроран эълон медорам, ки мо ҷонибдори ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамсояи наздиктарин, дӯст, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги худ бо роҳи ташкили ҳукумати фарогир ва бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи қавму миллатҳои сокини он, раъйи тамоми мардуми мамлакат, эҳтирому риояи ҳуқуқи шаҳрвандон дар доираи меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон пазируфташуда ва нақши калидии Созмони Милали Муттаҳид дар пешбурди ин раванд ҳастем.

Ҳамчунин, мехоҳам боз як нуктаи муҳимро таъкид намоям, ки ҷомеаи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои манфиатдор ҳуқуқи маънавӣ надоранд, ки мардуми Афғонистонро бо мушкилоти бавуҷудомада танҳо гузоранд.

Зеро бори дигар хотиррасон месозам, ки вазъияти сангину фалокатбори ин кишвар бо гуноҳи сокинони он ба вуҷуд наомадааст.

Ман дар ҳайратам, ки тамоми ниҳодҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи башар хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар мавриди пуштибонӣ аз ҳуқуқи мардуми Афғонистон ҳеҷ гуна ташаббус нишон намедиҳанд.

Дигар ин, ки бетафовутӣ нисбат ба сарнавишти Афғонистон боиси афзоиши хушунат, боз ҳам вазнинтар шудани зиндагии сокинони он, сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо миқёси солҳои 90-уми асри гузашта, фалокати башарӣ, ҳамчун маркази терроризми байналмилалӣ боқӣ мондани қаламрави ин мамлакат ва ба таври ҷиддӣ халалдор гардидани амнияту субот дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мегардад.

Вазъияти Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири бевоситаи манфӣ мерасонад, зеро ман борҳо гуфтаам, ки амнияти минтақаи мо, дар навбати аввал, ба вазъи ин кишвари ҳамсоя вобаста мебошад.

Дар робита ба ин, хотиррасон месозам, ки тайи зиёда аз бист соли охир ман аз минбарҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ҳамоишҳои байналхалқӣ ҳалли масъалаи Афғонистонро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо бор иброз дошта, таъкид намудам, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд танҳо бо роҳи музокирот ҳаллу фасл карда шавад.

Вале ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла доираҳои манфиатдору дахлдор ба ҳалли ин масъала то андозае бетафовутӣ зоҳир карданд.

Дар натиҷа мушкилоти Афғонистон ба ҷое расид, ки имрӯз тамоми башарият, махсусан, Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҳамҷавори онро ба ташвишу нигаронии ҷиддӣ овардааст.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсат ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ, кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро бори дигар даъват мекунам, ки доир ба ҳалли мушкилоти ин кишвар ва ташкили ҳукумати мусолиҳаи миллӣ бо фарогирии манфиатҳои тамоми қавму миллатҳои сокини Афғонистон тадбирҳои фаврӣ ва дастҷамъона андешанд.

Инчунин, расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар аз ҷумлаи тадбирҳои таъхирнопазир мебошад.

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Истиқлол ва соҳибихтиёрӣ дар назди мо — шаҳрвандони Тоҷикистон вазифаи басо пурифтихори таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба орзуву ормон ва манфиатҳои мардуми кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро гузошт.

Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.

Дастовардҳое, ки имрӯз аз таърихи кору пайкори сисолаи мардуми шарифи Тоҷикистон баён шуданд, танҳо ҳиссаи ками заҳмати содиқонаву софдилонаи мову шумо дар ҷодаи давлатсозиву давлатдорӣ ва ватансозиву ватандорӣ мебошанд.

Вале мехоҳам барои мардуми азизи Тоҷикистон хотирнишон созам, ки ҳар дастоварде, ки дорем, аз худи мост.

Мо бояд ба хотири Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон минбаъд низ содиқона заҳмат кашем ва дар ин роҳ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем.

Мо ҳаргиз ба умеди дигарон намешавем ва тамоми мушкилоту камбудиҳоямонро бо дастони худамон ва бо заҳмати аҳлонаи халқамон бартараф месозем.

Мо ҳоло мушкилоту масъалаҳои зиёди ҳалталаб дорем ва бояд кӯшиш кунем, ки онҳоро бартараф сохта, зиндагии мардумамонро боз ҳам беҳтар намоем.

Зеро халқи азизи Тоҷикистон ба зиндагии боз ҳам шоиста ва рӯзгори аз имрӯза беҳтар ҳуқуқи маънавӣ дорад.

Бо эътимоди қавӣ изҳор медорам, ки мардуми ватандӯсту заҳматкаши мо ба дастовардҳои аз имрӯза бузургу таърихӣ қодиранд, зеро мо Ватани соҳибихтиёру озодамонро баробари ҷони худ дӯст медорем ва ба шукронаи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ барои ҳифзи сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло рафтани нуфузу обрӯи Тоҷикистони маҳбубамон аҳлонаву софдилона заҳмат мекашем.

Ман ба мардуми шарифи кишвар ва махсусан, ба ҷавонон муроҷиат мекунам, ки ҳаргиз ва дар ҳеҷ ҳолат ба Ватан, миллат ва давлати худ хиёнат накунед.

Баръакс, шукр кунед, ба Ватан ва давлату миллати худ содиқ бошед ва ифтихор намоед, ки мову шумо соҳиби Ватан ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва аҳли башар моро ҳамчун миллати бостонӣ ва фарҳангиву тамаддунсоз мешиносад ва эътирофу эҳтиром мекунад.

Дар ин лаҳзаҳои ботантана ва воқеан таърихӣ бо ифтихору қаноатмандии зиёд як нуктаи бисёр муҳимро хотирнишон менамоям: тамоми дастоварду пешравиҳои дар сӣ сол ноилшудаи мо натиҷаи заҳмати содиқонаи халқи қаҳрамону заҳматкаши Тоҷикистон ва хурду бузурги он мебошад.

Ман шукрона мекунам, ки мардуми шарифи тоҷик солҳои дароз, яъне аз оғози истиқлол то имрӯз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлати худро самимона пуштибонӣ карда, тамоми камбудиву мушкилотро бо сабру таҳаммул паси сар карданд.

Ман бо чунин мардуми шарофатманду бонангу номус, таҳаммулгаро ва заҳматкашу ватандӯст ифтихор дорам, аз онҳо то абад миннатдорам ва то нафаси вопасин ба хурду бузурги Тоҷикистон содиқона хизмат мекунам.

Бузургтарин сарват, қиматтарин гавҳар ва азизтарин неъмат барои ман халқи Тоҷикистони маҳбубам, обу хоки Ватани биҳиштосоям ва иззату обрӯи давлати соҳибихтиёру озодам дар байни ҷомеаи ҷаҳон мебошад!

Халқи бузургвору қаҳрамони ман!

Ман аз хурду бузурги ту аз замин то осмон миннатдорам ва дар назди бузургиву шаҳомат, талошу матонат, ғайрату ҳиммат ва заҳмати содиқонаву софдилонаи ҳар як фарди ту сари таъзим фуруд меорам!

Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар солҳои вазнин бо ман ҳамкорӣ карданд, миннатдорам ва ба ҳар яки онҳо камоли умру давлати пирӣ орзумандам.

Мо бояд минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, неъмати қиматтарини зиндагиамон – истиқлолу озодиро ҳимоя кунем, дастоварди бузургтарини даврони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем.

Мо бояд ҳамеша ва махсусан, дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, аз каму костиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем.

Бовар дошта бошем, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва фардои зиндагии мардуми тоҷик осудаву обод аст.

Бигзор, истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон то абад сарбаланду сарфароз бошанд!

Бигзор, истиқлолу озодӣ дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳру муҳаббат ба сарзамини ниёгон ва сарҷамъиву иттиҳодро доим фурӯзон нигоҳ дорад!

Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, азми ватансозиву ватандорӣ ва ҳадафҳои наҷиби созандагӣ роҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат бошад!

Пояндаву ҷовидон бод истиқлолу озодии халқи тоҷик ва давлати тоҷикон!

Ҷовидон бод дастовардҳои бузурги замони истиқлол – сулҳу оромии Ватан, суботи сиёсии ҷомеа ва ваҳдати миллии мардуми шарафманди Тоҷикистон!

Зиндаву ҷовид бод давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!

Поянда бод миллати куҳанбунёду тамаддунсоз ва соҳибмаърифату фарҳангсолори тоҷик!

Тоҷикистон! Ба пеш – ба сӯи қуллаҳои боз ҳам баланди пешрафту тараққиёт!

Ҷашни 30 – солагии истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳамватанони азиз!

 

Сентябрь 8, 2021 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд бинои интенсивӣ бунёд мешавад
Дар деҳаи Мусофирони ноҳияи Рашт бинои иловагии муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд 950 иншооти таъйиноти гуногун бунёд мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Хуҷанд сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Роғун ду кӯдакистон ва ду бинои иловагии муасисаҳои таълимӣ ба истифода дода шуд
Роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Ҳисор-Шарора-Чимтеппа бо ҷалби соҳибкорон таъмир мегардад