ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, ҷумъа, 267-умин рӯзи соли 2021 аст

Сентябрь 24, 2021 08:00

24 сентябри соли 2009 дар ИМА миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамватанони бурунмарзие, ки дар Америка кору зиндагӣ мекунанд, суҳбати озод баргузор гардид.

***

11 сол пеш, 24 сентябри соли 2010 дар шаҳри Ню-Йорк Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Америка  оид ба Афғонистон, Сарвазири Япония ва Сарвазири Тайиланд мулоқот анҷом доданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2004  дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия нависандаи тоҷик Темур Зулфиқоров бо ҷоизаи адабиёти Россия- «Марғзори равшан» сарфароз гардонида шуд.

 24 СЕНТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Камбоҷа – Рӯзи Конститутсия.

 РӮЙДОДҲО:

24 сентябри соли 2009 дар пойтахти Молдова – шаҳри Кишинев Форуми 4-уми эҷодӣ ва илмии зиёиёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

24 сентябри соли 1923 маҷмааи табъу нашри «Московская правда» таъсис дода шуд.

***

73 сол муқаддам, 24 сентябри соли 1948 ширкати «Хонда мотор» («Honda Motor Co») таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1968 Свазиленд ба узвияти СММ қабул карда шуд.

***

24 сентябри соли 1972 дар раъйпурсии Норвегия 53,5% иштирокдорон ба муқобили шомилшавии мамлакат ба Иттиҳоди иқтисодии Аврупо овоз доданд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1953 дар Ҳолливуд аввалин филми манзаравӣ ба намоиш гузошта шуд.

***

Соли 1998 дар Франсия аввалин маротиба ҷарроҳии насб кардани дасти як нафар ба шахси дигар анҷом дода шуд.

Сентябрь 24, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 октябр, шанбе, 276-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 октябр, ҷумъа, 275-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, панҷшанбе, 274-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 сентябр, чоршанбе, 273-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 сентябр, сешанбе, 272-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 сентябр, душанбе, 271-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 сентябр, якшанбе, 270-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 сентябр, шанбе, 269-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 сентябр, ҷумъа, 268-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 сентябр, панҷшанбе, 267-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 сентябр, чоршанбе, 266-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 сентябр, сешанбе, 265-умин рӯзи соли 2026 аст