Варзишгарони тоҷик дар панҷ рӯзи аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ соҳиби 10 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 07.09.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ рӯзи мусобиқоти аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори 10 медал – 6 нуқра, 4 биринҷӣ шуданд, хабар дод намояндаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
6 сентябр мусобиқа оид ба кураши қазоқӣ баргузор шуд, ки паҳлавонони тоҷик 3 медал гирифтанд: Хуршедшоҳ Каримзода (-60кг), Ҳоҷиакбар Тошмуродов (-80кг) медалҳои нуқра, Қурбоналӣ Охунов (-75кг) медали биринҷӣ. Қаблан варзишгарони мо дар гӯштини юнонӣ-римӣ 2 медал, дар гӯштини тарзи озод- 2 медал, дар намуди бокс- як медал, дар гӯштини камарбандӣ ду медал ба даст оварданд.
Мусобиқоти бокс ва гӯштин қабл аз маросими кушодашавӣ шурӯъ гардиданд. Паҳлавонони тоҷик 3 сентябр дар гӯштини юнонӣ-римӣ 2 медал ба даст оварданд. Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни -60кг медали нуқра, Асламҷон Азизов дар вазни -55кг медали биринҷӣ гирифтанд.
4 сентябр мусобиқа оид ба гӯштини тарзи озод сурат гирифт, ки ду варзишгари мо – Муҳаммад Икромов дар вазни -61кг ва Мустафо Ахмедов дар вазни -70кг сазовори медали нуқра шуданд. Медали дигари нуқраро Нурланбек Эрматов дар намуди бокс, дар вазни -75кг ба даст овард. 5 сентябр дар гӯштини камарбандӣ ду варзишгари Тоҷикистон – Фирӯзҷон Зиёев дар вазни -68кг ва Дилшод Қурбонов дар вазни -82кг соҳиби ду медали биринҷӣ гардиданд.
Ҳамин тариқ, шумораи медалҳои дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба 10 адад – 6 нуқра, 4 биринҷӣ – расид.
Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ беш аз 1000 варзишгар аз 9 кишвар: Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Россия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок доранд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ, ки то 11 сентябр идома меёбанд, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 51 варзишгар аз рӯи 11 намуди варзиш ширкат доранд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад






