10 октябр — Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ҷазои ҳукми қатл. Мебояд сабабҳои ба ҷиноятҳои вазнин даст задани инсонҳоро омӯхт ва бартараф кард
ДУШАНБЕ, 10.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз соли 2003 инҷониб ҳамасола 10 октябр ҳамчун Рӯзи мубориза бар зидди татбиқи ҷазои ҳукми қатл дар ҷаҳон гузаронида мешавад. Ин рӯз бо ташаббуси Эътилофи умумиҷаҳонӣ оид ба манъи ҳукми қатл дар ҷаҳон сурат гирифта, ҳадаф аз он коҳиш додани ин намуди ҷазо дар ҷаҳон аст.
Хабарнигори АМИТ “Ховар” бо коршиносон ва мутахассисони соҳа дар ин бора суҳбат намуд.
Ҳарчанд имрӯз мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем, аммо ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки баъзе амалу кирдорҳо касро ба ҳайрат меоранд. Яке аз он то ҳанӯз татбиқшавии ҷазои ҳукми қатл дар чанде аз кишварҳои дунёст. Ҳоло 142 кишвари ҷаҳон татбиқи ҷазои ҳукми қатлро дар қонунгузории худ манъ намуда, дар бархеи дигар он дар амал татбиқ нашуда, дар моратория қарор дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, то соли 2016 ин ҷазо дар ҷаҳон дар бештар аз 65 давлат амалӣ карда мешуд. Дар соли 2021 он дар беш аз 21 давлат, аз ҷумла дар 32 иёлоти ИМА татбиқ карда мешавад.
Аз соли 1996 дар Русия ҳукми қатл татбиқ намегардад, зеро аз моҳи феврали соли 1999 то инҷониб ин намуди ҷазо дар моратория буда, ба ҳама судяҳо баровардани ин гуна ҳукм манъ карда шудааст. Ягона кишвар дар Аврупо ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ин ҷазо амалӣ карда мешавад, Беларус боқӣ мондааст.
Имрӯз мо ҳаёти худро бе арзишҳои умумибашарӣ, ки ҳамчун меъёри ҳуқуқии зиндагии инсон қабул шудаанд, тасаввур карда наметавонем. Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад ва ҳеҷ касро аз ҳаёт маҳрум кардан мумкин нест, ба истиснои ҳукми суд барои ҷиноятҳои махсусан вазнин.
Бояд гуфт, ки дар ҷаҳони муосир сохти демократӣ ва дунявии давлатдорӣ ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ва пешрафту тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёт мусоидат кардааст. Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, бунёд кардани чунин давлатро бо дарназардошти арзишҳои миллӣ ихтиёр намудааст. Зеро ҳар миллати соҳибтамаддун мувофиқи хусусияти миллӣ, таърихиву фарҳангӣ ва иҷтимоиву мазҳабии худ давлатдорӣ мекунад. Ва Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои демократӣ арзишҳо ва қадру қимати инсониро гиромӣ дошта, ҳуқуқ ба ҳаёт ва кафолати онро таъмин намудааст.
Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои худ изҳор дошта буданд, «мо ба хотири оромиву субот, ваҳдати миллӣ, бунёди давлати ягонаву иҷтимоӣ ва таҳкими асосҳои он шароити мусоид фароҳам овардем, то ин ки дар ҷомеаи мо демократия реша давонад ва самара диҳад».
Тибқи маълумоти Эътилофи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ҷазои ҳукми қатл, солҳои охир ҳукуматҳои чанде аз кишварҳои дунё бинобар зиёд сар задани ҳуҷумҳои террористӣ дубора амалишавии ин ҷазоро чун роҳи ҳифзи кишвар ва шаҳрвандонашон ба роҳ монда истодаанд. Бо ин иқдомашон мораторияеро, ки тӯли солҳо амал мекард, аз байн бурданд. Ин намуди тадбирандешӣ боиси он гардид, ки дар бархе кишварҳо шумораи ин навъи ҷазо зиёд гардад, аз ҷумла, дар Чин, Эрон, Ироқ, Миср ва Арабистони Саудӣ.
Ба гуфтаи сардори шуъбаи қонунгузорӣ оид ба сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Тоҷикистон Фарангис Шарифзода, дар амал татбиқ намудани ҳукми қатл роҳи ҳал нест, зеро мебояд сабабҳои ба ҷиноятҳои вазнин даст задани инсонҳоро омӯхт ва бартараф кард.
«Ба қатл расонидани ҷинояткор дар давлат наметавонад сабабҳоро аз байн бурда, роҳи чора бошад. Мо бояд сабабҳоеро, ки ба татбиқи ин ҷазо оварда мерасонад, фаҳмида, бо он мубориза барем. Шахсе, ки ҷиноят содир мекунад, бештар кӯшиш мекунад ҷинояте содир намояд, ки ҳукмаш ба ҷинояташ сазовор бошад. Ин роҳи ҳал нест», -афзуд мавсуф.
Мутобиқи моддаи 18 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, «ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад, ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои ҷинояти махсусан вазнин».
Ҷинояти махсусан вазнин он кирдорҳои қасдан содиршавандае эътироф мешаванд, ки ҷазои ҳадди аксар барои он тибқи Кодекси ҷиноятӣ зиёда аз 12 соли маҳрум сохтан аз озодӣ ё ҷазои қатл пешбинӣ шудааст. Айни ҳол, дар Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазои қатл ҳамчун яке аз намудҳои ҷазо пешбинӣ гардидааст. Вале вобаста ба ин бо Қонуни ҶТ «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 15 июли соли 2004 татбиқи ҷазои қатл боздошта шуда, дар давраи боздоштани татбиқи ҷазои қатл ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 25 сол муайян карда шуд. Яъне, ба сифати алтернативаи ҷазои қатл ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шуд.
Ба андешаи сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Муқим Ашӯров, ҳуқуқ ба ҳаёт ҳуқуқи асосӣ ва табиии инсон буда, он бояд аз лаҳзаи таваллуди инсон ҳифз карда шавад. «Монеаҳои асосӣ дар роҳи бекоркунии пурраи ҳукми қатл- ин мавҷудияти ҳукми қатл дар Конститутсияи кишвар ва омода набудани аҳолӣ барои бекоркунии пурраи он мебошад. Ба Парлумони кишвар зарур аст, ки Протоколи дуюми факултативии Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ба тасвиб расонад ва ҳукми қатлро ҳамчун як намуди ҷазо аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ кунад. Аз ин рӯ зарур аст, ки фаъолияти гурӯҳи корӣ оид ба омӯзиши ҷанбаи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии бекоркунии ҳукми қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият дода шуда, оид ба хориҷ намудани ҷазои қатл аз қонунгузорӣ тадбирҳо андешида шаванд»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ ва дахлнопазир буда, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хосса дорад. Воқеан ҳаққи ҳаёт арзиши табиӣ буда, ҳеҷ кас ҳақ надорад касеро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад.
Фарангис Шарифзода бар ин назар аст, ки амалӣ кардани ин ҷазо содиршавии ҷиноятро коҳиш намедиҳад. «Ҳолатҳое дар амалияи судӣ ёфт мешаванд, ки имкон дорад шахси бегуноҳ ба ҳукми қатл гирифтор шавад. Ба қатл расонидани ҷинояткор боиси аз миён решакан кардани ҷинояти вазнин намегардад. Ҳукми қатл- ин таҷрибаи бераҳмона ва ғайриинсонӣ буда, дар асри 21 барои он набояд ҷой бошад»,-афзуд ӯ.
Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзишҳои бузургтарин ва раднопазир мебошанд ва ҳуқуқ ба ҳаёт дар байни онҳо ҷойгоҳи махсусро ишғол мекунад. Дар ҳақиқат ҳуқуқ ба зиндагӣ табиӣ аст ва ҳеҷ кас ҳақ надорад шахси дигарро аз ин ҳуқуқ маҳрум кунад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз