27 октябр дар Теҳрон нишасти ҳузурии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 19.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Нишасти кишварҳои ҳамсояи Афғонистон 27 октябр дар Теҳрон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ баргузор мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод, дар ин бора дирӯз, 18 октябр зимни нишасти матбуотӣ намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Эрон Саид Хатибзода (ДАР АКС) хабар дод.
«Рӯзи чоршанбеи ҳафтаи оянда дар Теҳрон мо нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро баргузор хоҳем кард. Ин вохӯрӣ дар шакли ҳузурӣ доир мешавад»,- гуфт ӯ. Дипломат афзуд, ки «ҷаласа як рӯз идома хоҳад кард».
Ба гуфтаи ӯ, «дар рӯзнома идомаи муколамаест, ки дар марҳилаи аввал дар шакли онлайн сурат гирифта буд». «Шаш кишвар саъйи худро ба он равона мекунанд, ки чӣ гуна барои таъсиси ҳукумати фарогир [дар Афғонистон] бо ҳузури ҳама гурӯҳҳои миллӣ кумак кунанд»,-гуфт С. Хатибзода.
8 сентябр оид ба вазъи Афғонистон ҷаласаи онлайние баргузор шуд, ки дар он вазирони корҳои хориҷии Эрон, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат карданд. 16 сентябр дафтари матбуоти вазорати хориҷаи Эрон эълон кард, ки нишасти навбатии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Теҳрон баргузор мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад






