Бахшида ба Рӯзи Фалак дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон барномаи фарҳангӣ доир гардид

Октябрь 9, 2021 11:16

 ДУШАНБЕ, 09.10.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  бахшида ба Рӯзи Фалак, ки дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 10 октябр дар кишвар ҷашн гирифта мешавад, бо иштироки ҳайати профессорону устодон ва донишҷӯён барномаи фарҳангӣ-ҳунарӣ баргузор гардид, иттилоъ додан  аз донишкадаи мазкур ба АМИТ «Ховар».

Муовини ректори донишкада оид ба таълим, номзади  илмҳои педагогӣ, дотсент Фарҳод Махсудзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, аҳамияти таҷлили Рӯзи Фалакро  шарҳ дод. Иттилоъ дода шуд, ки  дар назди кафедраи сарояндагӣ (халқӣ) — и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахши фалаксароӣ роҳандозӣ гардида, омӯзгорон ба донишҷӯён нозукиҳои фалаксароиро меомӯзонанд. Ҳамзамон, дар донишкада анасамбли «Фалак» фаъолият менамояд, ки дар он зиёда аз 30 нафар донишҷӯ дарси маҳорати фалаксароиро ёд мегиранд.

Зикр гардид, ки фалак имрӯз бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи нодири ҳунарӣ дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҷилову садои дилнишин танинандоз гардидааст. Чуноне ки Пешвои миллат иброз   доштанд:  «Фалак ҳам аз нигоҳи ҳаҷм ва ҳам аз нигоҳи арзишу қимати бадеӣ беҳтарин мероси мусиқист, ки мо онро барҳак мусиқии шаклан озод ва таҷассумгари рӯҳи озод ва орзуву омоли халқи тоҷик меномем. Мо, ворисони ин ганҷи бебаҳои маънавии ниёгон, бояд онро ҳамчун падидаи пурарзиши фарҳангӣ ҳифз намуда, баҳри рушду нумӯи он пайваста саъю талош намоем».

Ҳамчунин гуфта шуд, ки фалак дар Афғонистон бо номҳои чорбайтӣ, сангардӣ, кӯчабоғӣ, шамолӣ ва шимолӣ маълуму маъруф мебошад. Дар Эрон бо номҳои фарёд, фироқӣ, чорпорӣ, кала фарёд машҳур аст. Аз ин тақсимоти фалак аз рӯи моҳият ва мавқеи иҷро маълум мешавад, ки агар фалак дар Эрон аз рӯи моҳияти аслӣ, хусусиятҳои фардӣ ва маҳаллу тарзи иҷро ба намудҳо ҷудо шавад, пас фалаки Тоҷикистон танҳо аз рӯи маҳалли иҷро табақабандӣ шудааст.

Барномаи фарҳангӣ –ҳунарӣ  бо ҳунарнамоии  шогирдон ва устоди ин жанр анҷом пазируфт.

АКСҲО аз Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Октябрь 9, 2021 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд