Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 қабул шуд

Октябрь 28, 2021 09:45

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 25 октябри соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, «Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» қабул гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, мақсади асосӣ аз таҳия ва қабули барномаи мазкур мусоидат ба рушди минбаъдаи соҳаи геодезия ва харитасозӣ, таъминоти иқтисодиёт ва амнияти давлат, баланд бардоштани сатҳу сифати маҳсулоти харитавӣ ва ворид намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар самти хизматрасонии соҳавии ҷавобгӯ ба талаботи байналмилалӣ мебошад.

Мавриди зикр аст, ки «Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» стратегия, самтҳои асосӣ, афзалият, вазифаҳо ва механизми татбиқи сиёсати давлатиро дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.

Дар барномаи мазкур татбиқи чорабиниҳо оид ба фароҳам овардани шароит барои гузариши минбаъда ба маҳсулоти муосири рақобатпазири геодезӣ ва харитасозӣ дар заминаи такмили тадбирҳои ба ҳам алоқаманди иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ташкилӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар барнома ташкили шабакаи муосири геодезии истифодаи умум, харитасозии рақамӣ, истеҳсоли харитаҳои соҳавӣ, таълимӣ ва атласҳои мактабӣ, инчунин дар шакли рақамӣ ва дар асоси онҳо тартибдиҳӣ ва ҷорӣ намудани системаҳои иттилоотӣ яке аз самтҳои барнома мебошад, ки аксарияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба роҳ монда мешавад.

Дар баробари ин барнома муносибатҳои истеҳсолӣ миёни истеҳсолкунандагон ва истифодабарандагони маҳсулоти геодезӣ ва харитавиро ба назар гирифта, ҷорӣ намудани шаклҳои муосири ин муносибатҳоро дар бар мегирад, ки танзими давлатӣ ва дастгирии соҳаро дар давраи амалишавии барнома пурра ба роҳ мемонад. Ин муносибатҳо тавассути такмил ва қабули якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ амалӣ карда мешаванд, ки қабули ин санадҳо низ дар барнома ба назар гирифта шудааст.

Дар ин самт тадбиқи лоиҳаҳои ташаккул ва рушди шабакаҳои координатӣ, шабакаи умумии баландӣ, таҳия, таҷдид ва нашри харитаҳои давлатии топографии тамоми қатори миқёсҳо, инфрасохтори миллии маълумоти маконӣ барои ба сатҳи нисбатан нав бардоштани соҳа ва ба ҷорӣ намудани технологияи муосири иттилоотӣ дар тамоми сохторҳои идоракунии давлатӣ мусоидат мекунад.

Сиёсати давлатӣ вобаста ба таълим ва такмили ихтисоси кадрҳо дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, таъмини фаъолият ва рушди соҳаи геодезия ва харитасозиро бо мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити муносиби кориро дар сохторҳои асосии соҳа ба назар мегирад.

Ҳамзамон дар барнома амалӣ намудани қарору созишномаҳои байналмилалӣ дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии Замин, ки дар натиҷаи ҳамкории байнидавлатӣ оид ба геодезия, харитасозӣ, кадастр ва мушоҳидаи фосилавии замини давлатҳои хориҷ ва дигар созмонҳо қабул гаштаанд, ба назар гирифта шудааст.

«Барномаи рушди геодезия ва харитасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» маҷмӯи чораҳои асоснокгардида оид ба рушди соҳа буда, барои ба роҳ мондани сиёсати давлатӣ дар соҳаи геодезия ва харитасозӣ, таъминоти иқтисодиёт ва амнияти давлат дар ояндаи миёнамуҳлат нақши муассир хоҳад дошт.

АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Октябрь 28, 2021 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд