ДАР АФҒОНИСТОН ГУРУСНАГИСТ. Толибон озуқаро бар ивази қувваи корӣ пешниҳод мекунанд

Октябрь 26, 2021 12:52

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар» /. Ба 23 миллион нафар аҳолии Афғонистон беҳолӣ ва гуруснагӣ таҳдид мекунад, гуфта мешавад  дар пажуҳиши Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии тобеи СММ.

«Агар тадбирҳои таъҷилӣ андешида нашаванд, моҳи ноябр ба Афғонистон гуруснагии азим таҳдид мекунад, беш аз нисфи аҳолии кишвар, қариб 23 миллион нафар норасоии шадиди маводи озуқаро эҳсос хоҳанд кард. Ин рекорди нави ҳузнангез барои кишварест, ки ҳоло яке аз бадтарин буҳронҳои башардӯстона дар ҷаҳонро аз сар мегузаронад», — хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи СММ.

Муаллифони тадқиқот дар хулосаҳои худ якчанд омилҳоро ба назар гирифтаанд: хушксолӣ, низоъ, пандемия ва буҳрони иқтисодӣ.

«Дар пеш- зимистони сард аст, ки бинобар он баъзе минтақаҳои Афғонистон барои созмонҳои башардӯстона дастнорас хоҳанд шуд. Ҳар нафари дуюми афғон дар вазъияте хоҳад монд, ки тибқи таснифи СММ, метавонад онро ҳамчун буҳрони дараҷаи сеюм ва ҳатто чаҳоруми хатар муайян кард. Барои таъмини маводи озуқа ва ҳифзи зиндагии мардум дахолати фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст, вагарна Афғонистон ба фалокати башарӣ дучор хоҳад шуд», — омадааст дар паём.

Бар асоси гузориши СММ, шумораи афроде, ки дар Афғонистон ба камбуди шадиди озуқа гирифтор шудаанд, нисбат ба баҳодиҳии  охирини моҳи апрел гузаронидашуда 37 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар гурӯҳи махсуси хатар 3,2 миллион кӯдаки то синни панҷсола қарор доранд. Барномаи ҷаҳонии озуқа ва ЮНИСЕФ аввалҳои моҳи  октябр ҳушдор дода буданд, ки ба як миллион кӯдак марг аз гуруснагӣ таҳдид мекунад.

Агар дар гузашта асосан сокинони деҳот зарар медиданд, имрӯз мардуми шаҳр низ дар ҳолати ногувор қарор доранд. Гузашта аз ин, бекории азим эҳтимол дорад, ки табақаи миёнаро фақир гардонад ва гуруснагиро боз ҳам пуршиддат кунад. 7,3 миллион нафар сокинони деҳот, ки бо зироаткорӣ ва чорводорӣ зиндагӣ мекунанд, соли чорум аст, ки аз хушксолӣ азоб мекашанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати «Толибон»* барномаи зидди гуруснагӣ оғоз намуд, ки ба ҳазорон нафар озуқа бар ивази қувваи корӣ пешниҳод мекунад. Дар ин бора 25 октябр хабаргузории Evronews иттилоъ дод. Чунин система дар шаҳрҳои калони мамлакат ҷорӣ карда шуда,  танҳо дар пойтахт- Кобул 40 ҳазор кас бо кор таъмин карда мешавад.

Афғонистон аз камбизоатӣ, хушксолӣ, нарасидани неруи барқ ​​азият мекашад, низоми иқтисодии кишвар амалан вайрон шудааст, вале дар пеш зимистони сахт истодааст. Абдулраҳмон Рашид, иҷрокунандаи вазифаи вазири кишоварзӣ мегӯяд:

«Сабабҳои камбизоатӣ ва гуруснагӣ бисёранд. Якум ин — Ковид-19, ки ба тамоми ҷаҳон таъсир мерасонад. Дуюм-хушксолӣ дар Афғонистон ва минтақа аст. Сабаби саввум, қатъи кумакҳои ҷаҳонӣ ба Афғонистон ва ях бастани сармояву пули ин кишвар аз сӯи бонкҳои байналмилалӣ мебошад».

_______________________

* «Толибон» —  созмони террористӣ, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст

АКС: pixnio.com

Октябрь 26, 2021 12:52

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ПУЛИ ҲУШМАНД». Бо амалӣ гардидани ин барнома қонуншиканӣ ё истифодаи нафақаи шахси фавтида аз байн рафт
Дар шаҳри Бохтар бо иштироки собиқадорони соҳаи тандурустӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 200 нафақагири аз садсола боло зиндагӣ мекунад
Дар ноҳияи Шоҳмансур Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 хароҷоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа беш аз 5 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ зиёд гардида, бекоршавии ақди никоҳ коҳиш ёфтааст
«Барномаи рушд ва рақамикунонӣ дар мақомоти иҷрои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани танзими ҷашну маросим 1268 нафар беш аз 10 миллион сомонӣ ҷарима супориданд
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПЕШГИРИИ ЭКСТРЕМИЗМИ ХУШУТАНОМЕЗ. Пешгирии ин зуҳурот омили муҳими таъмини амнияти ҷомеа аст
Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд