Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар беш аз 200 нафар духтарони ноҳияи Сангвор тибқи квотаи президентӣ мактабҳои олиро хатм намуданд

Октябрь 31, 2021 09:42

ДУШАНБЕ, 31.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло дар мактабҳои олии мамлакат беш аз 50 нафар духтарон аз ноҳияи дурдаст  ва  кӯҳистони Сангвор  тибқи квотаи президентӣ ба  таҳсил фаро гирифта   шудаанд. Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор Назокат Исмонова дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  духтарон дар муассисаҳои олии ҷумҳурӣ асосан дар ихтисосҳое таҳсил менамоянд, ки  ноҳия ба он бештар ниёз дорад. Мавсуф афзуд, ки тибқи квотаи президентӣ аз соли 1997 то инҷониб  беш аз 260 нафар духтарон соҳиби маълумот гашта,  210 нафар  донишгоҳу донишкадаҳоро  хатм намуда,  дар идораҳои маъмурӣ ва ташкилоту  корхонаҳои гуногуни  ноҳияи Сангвор  фаъолият доранд.

«Мушкилоти беҳтаргардонии  шароити кору таҳсили занону духтарони ноҳияи баландкӯҳи  Сангвор  дар солҳои  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии   Тоҷикистон роҳи ҳалли худро ёфт», афзуд Назокат Исмонова.  Духтарони ноҳияи Сангвор имкон пайдо намуданд, ки дар ин давра тибқи квотаи президентӣ дар мактабҳои олии кишвар таҳсил намуда, соҳибкасб шаванд ва дар рушду пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ноҳия ва дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузоранд.

Ба иттилои мудири бахши кор бо занон ва оилаи  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор, дар солҳои 2013-2021  ба гурӯҳҳои мақсадноки тиббии Коллеҷи тиббии ноҳияи Рашт  дар ноҳияи Сангвор  95 нафар духтарон  дохил шуданд.  55 нафари онҳо баъди хатм ба муассисаҳои тандурустии ноҳия ба кор сафарбар гардида,  20 нафари дигар алҳол таҳсил менамоянд.   Инчунин зарфи нуҳ моҳи соли равон  аз ҳисоби бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ занону духтарони ноҳия  ҳунарҳои дӯзандагию сӯзанидӯзиро аз худ намуда,  ба меҳнати хонагӣ сафарбар гардиданд. Инчунин қариб 40 нафар духтарон  касбҳои чеварӣ, ҳисобчӣ, барномасоз ва забони русӣ омӯхта, бо ҷои кор таъмин гардиданд. Ҳамзамон бахши Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 14 нафар занону духтаронро  ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ  ҷалб намудааст.

Назокат Исмонова мегӯяд, ки  аз ҳисоби Литсейи  касбии техникии ноҳия  20 нафар занону духтарон ба касбҳои дӯзандагӣ, ҳисобчӣ ва бофандагӣ  фаро гирифта шудаанд. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар  ноҳияи Рашт  35 нафар  занон дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона таҳсилро ба анҷом расонида,  аксарияти онҳо бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҷалби бештари духтарони навоҳии дурдасти кӯҳистони кишвар ба таҳсил, касбомӯзӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, ки дар  сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он авлавият дода шудааст, дар ҷамоатҳои деҳот бо занону духтарон вохӯрию мулоқоти судманд  анҷом дода мешаванд. Аз аҳолии беш аз 24 ҳазорнафараи ноҳияи Сангвор қариб 12 ҳазор нафарашро занон  ташкил медиҳад, ки шаш ҳазор нафараш занони қобили меҳнат мебошанд. 28 нафар занон дар сатҳи роҳбарикунанда буда, 15 нафар хизматчии давлатӣ мебошанд ва захираи кадрӣ аз ҳисоби занону  духтарон дар ноҳияи Сангвор 60 нафарро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи маорифи ноҳияи Сангвор  қариб 200 нафар, тандурустӣ беш аз 140 нафар, фарҳанг зиёда аз 20 нафар ва  ҳифзи ҳуқуқ се нафар  занону духтарон фаъолият доранд. Ҳамзамон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Сангвор  12 нафар занон аз ҷониби аҳолӣ  ҳамчун вакил пазируфта шуда, вакилони ҷамоатҳои деҳот  аз ҳисоби бонувон қариб 20 нафарро ташкил медиҳад.

Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи  иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор гуфт, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми  зан дар ҷомеа»  ва  татбиқи Барномаи давлатии  «Стратегияи миллии фаъолгардонии  нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории  кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои  2017-2022, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва дигар қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба беҳтар намудани ҳаёту фаъолияти занону духтарон ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо нигаронида шудаанд, дар ноҳия тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

                                                       Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
                                                                  Душанбе-Сангвор-Душанбе

АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/ва АМИТ «Ховар»

Октябрь 31, 2021 09:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд