Дар шаҳри Бохтар ғолиби Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи бонувон муайян шуд
ДУШАНБЕ, 18.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Бохтар маросими ҷоизасупории Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи бонувон баргузор гардид, иттилоъ дод шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи вилояти Хатлон.
Дар ин сабқати ҷолиб дастаи футболи бонувони «Хатлон»-и шаҳри Бохтар маҳорати баланд нишон дода, дар мавқеи аввали ҷадвали мусобиқа қарор гирифт ва соҳиби медали тиллою Ҷоми чемпионат гардид. Зинаҳои дуюм ва сеюмро дастаҳои футболи бонувони «Зебоннисо»-и шаҳри Душанбе ва «Суғд»-и вилояти Суғд ишғол намуданд. Ҳамчунин баъд аз анҷоми мусобиқа дарвозабони беҳтарин Адолатхон Комилова аз дастаи бонувони «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, нишонзани беҳтарин Лайлӣ Ҳалимова аз дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, бозингари беҳтарин Марҷона Саидова аз дастаи «Зебонисо»-и шаҳри Душанбе ва мураббии беҳтарин Қурбонгул Қурбонова аз дастаи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар дониста шуданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, директори Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон Абдулло Соқиев, роҳбари департаменти техникии ФФТ, мудири бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Ҳусейн Саидзода ва дигар фаъолону меҳмонон иштирок доштанд.
АКС аз сомонаи хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Хатлон








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






