ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ. Дар «Боғи ҷавонон» 200 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ташаббусҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе ва таҷлили Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ дар «Боғи ҷавонон»-и пойтахт 200 адад ниҳоли дарахтони санавбар шинонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Маъракаи ниҳолшинонӣ бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафи он саҳм гузоштан дар корҳои сабзу хуррамгардонии пойтахт ва ҳифзи муҳити зист мебошад.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода ва Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу сухан гуфта, иқдоми Раиси шаҳри Душанберо дар самти сабзу хуррам намудани пойтахт саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ намуданд. Баҳодур Шерализода зикр намуд, ки ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе қобили дастгирист ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Раиси Кумита аз кулли иштирокдорони маъракаи ниҳолшинонӣ даъват намуд, ки бо шинонидани ниҳоли дарахтон дар сабзу хуррамгардонии муҳити зист саҳми муносиб гузоранд.

Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд






