ДУШАНБЕРО БА ШАҲРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ. Дар «Боғи ҷавонон» 200 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд

Октябрь 25, 2021 12:01

ДУШАНБЕ, 25.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи ташаббусҳои наҷибонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе ва таҷлили Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/  дар «Боғи ҷавонон»-и пойтахт 200 адад ниҳоли дарахтони санавбар шинонида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Маъракаи ниҳолшинонӣ бо ибтикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Дафтари ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳадафи он саҳм гузоштан дар корҳои сабзу хуррамгардонии пойтахт ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Дар  маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур  Шерализода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилшод Одиназода  ва Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу сухан гуфта, иқдоми Раиси шаҳри Душанберо дар самти сабзу хуррам намудани пойтахт саривақтӣ ва муҳим арзёбӣ  намуданд. Баҳодур  Шерализода зикр намуд, ки ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба шаҳри сабз табдил додани Душанбе қобили дастгирист ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Раиси Кумита  аз кулли иштирокдорони  маъракаи ниҳолшинонӣ даъват намуд, ки  бо шинонидани ниҳоли дарахтон  дар сабзу хуррамгардонии муҳити зист саҳми муносиб гузоранд.

 Аксҳо аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Октябрь 25, 2021 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Хуросон тадбирҳои ниҳолшинонӣ анҷом дода шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Имсол дар ноҳияи Шуғнон 3 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва мевадор мешинонанд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд 150 бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 150 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ ва мевадиҳанда шинонида мешаванд
ТАТБИҚИ БАРНОМАИ «МАМЛАКАТИ САБЗ». Дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат 1500 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ дар канори шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат дарахтони ҳамешасабз шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Восеъ беш аз 2000 бех дарахти сӯзанбарги ороишӣ шинонида шуд
«ШАҲРИ МАН – ХОНАИ МАН». Дар Душанбе беш аз 200 арчаи ҳамешасабз шинонида шуд
НАМУНАИ ИБРАТ! Дар замини назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун 8 ҳазор қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, боғи зардолу ва шафтолу бунёд гардидааст
ТОҶИКИСТОН — МАМЛАКАТИ САБЗ. Дар канори роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ беш аз 6 миллион ниҳолу буттаҳо шинонида мешаванд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаҳои гуногуни ноҳияи Варзоб зиёда аз 14 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Тоҷикистон ҳаракати ҷумҳуриявии ниҳолшинонӣ бомаром идома дорад