«ФАРЗАНДИ ТОҶИКИСТОНАМ». Латофат Кенҷаева ва Гулчеҳра Маҳмадиева ғолибони асосии ин озмун гардиданд

Октябрь 14, 2021 16:45

ДУШАНБЕ, 14.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маросими ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо номи «Фарзанди Тоҷикистонам» баргузор гардид, ки дар он Латофат Кенҷаева дар бахши назм ва Гулчеҳра Маҳмадиева дар бахши наср ғолиб гардиданд.  

Ҳамоиши мазкур бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон, аҳли қаламу эҷод ва иштирокчиёни фаъоли озмун баргузор гардид. Озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанди Тоҷикистонам» бо мақсади бозтоб додани рӯзгори бонувони тоҷик ва мавқеи онҳо дар ҷомеаи имрӯза роҳандозӣ гардида, давоми қариб як сол идома ёфт, ва теъдоди зиёди қаламкашон дар он ширкат доштанд.

Сармуҳаррири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» Шоҳона Одиназода иброз дошт, ки воқеан ҳам, қаламкашоне, ки матлабҳои ҷолибу пурмуҳтаворо ба унвони маҷалла ирсол доштанд, чун ғаввосони дарёи маонӣ аз умқи дил нигоштаҳои хешро дар васфи модарон, бонувони муваффақу нафъовари ҷомеа ҳам дар шакли наср ва ҳам назм рӯи авроқ рехтанд. «Барои заҳматҳоятон сипосгузорам, зеро заҳматҳои шабонарӯзии зан – модари тоҷик сазовори ҳама гуна арҷгузориву эҳтиром аст»- илова намуд Шоҳона Одиназода.

Дар бахши наср ҷойи дуввум насиби Диловари Мирзо, Лутфуллои Азиз ва дар бахши назм ҷойи дуввум насиби Бузургмеҳри Баҳодур, Абдулқодири Раҳим ва Сафар Амирхон гардид.

Иштирокчиёни дигари озмун Ато Ҳамдам, Мухтор Абдулло ва Раҳматуллои Раҳмон дар бахши наср ва Субҳон Ҷалилов, Дилафрӯз Олимова дар бахши назм зинаи сеюмро касб карданд.

Ғолибони озмун бо мукофотҳо ва иштирокчиёни дигари озмуни маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо сипосномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ бо иштироки овозхонҳои шинохта манзури ҳозирин гардонида шуд.

АКСҲО аз маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»

Октябрь 14, 2021 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд