Хуршед Зиёӣ: «Таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз масъалаҳои афзалиятноки стратегии давлат аст»

Октябрь 21, 2021 08:36

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20  октябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 50-солагии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таъмини амнияти иқтисодии давлат:  ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳким» конфронси байналмилалии илмию амалӣ  баргузор гардид, хабар доданд аз хадамоти  матбуоти  Маркази тадқиқоти  стратегии   назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар конфронс намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, донишмандони соҳаи иқтисодиёту ҷомеашиносӣ ва коршиносон  ширкат варзиданд.

Зимни ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ иброз дошт, ки «мақсади конфронси имрӯза- таҳлилу баррасӣ ва арзёбии дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ мебошад, зеро ба ҳамагон маълум аст, ки таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз масъалаҳои афзалиятноки стратегии  давлат ба шумор меравад. Ин аз ҳисоби афзудани таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ буда, на танҳо ба амнияти иқтисодӣ, балки дар маҷмӯъ, ба амнияти миллӣ низ хавфу хатар дорад».

Ба гуфтаи Х. Зиёӣ, таъмини амнияти иқтисодӣ яке аз масъалаҳои муҳим буда, амнияти ягон давлати ҷаҳон, ҳатто давлатҳои бузург, ба мисли Русия, Чин, ИМА, новобаста аз амнияти дигар давлатҳо таҳлил карда намешавад. Дар ҷаҳон давлатҳои комилан худкифо вуҷуд надоранд. Аз як тараф, амнияти миллии ҳар давлат ба зарфияти мавҷуда, мушаххасот ва ҷузъҳои қавии ин зарфият асос ёфтааст, аз тарафи дигар, онро бе ҳамкории байналмилалӣ ва тиҷорат амалӣ кардан ғайриимкон аст. Қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ ва худмаблағгузории давлатҳо дар миқёси нуфузи байналмилалӣ намоён  шуда, дорои тадбирҳо ва нишондиҳандаҳои муайяни миқдорӣ мебошанд.

Зикр карда шуд, ки мақсади конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ  таҳлилу баррасӣ ва арзёбии дастовардҳо ва тамоюлҳои рушди иқтисодиёти миллӣ бо мақсади ноил шудан ба амнияти иқтисодӣ мебошад.

АКСҲО аз хадамоти матбуоти МТС

Октябрь 21, 2021 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд