«Мушкилиҳои гоҳшуморӣ ва муҳити сукунати инсони қадим дар Осиёи Марказӣ». Таҳти ин унвон ҳамоиши бостоншиносон доир шуд
ДУШАНБЕ, 11.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи таърихӣ-бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ)таҳти унвони «Мушкилиҳои гоҳшуморӣ ва муҳити сукунати инсони қадим дар Осиёи Марказӣ»ҳамоишитаҳқиқӣ баргузор гардид, ки дар он бостоншиносони хориҷӣ аз Русия, Дания, Эрон, Маҷористон иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
Ҳамоиши мазкур тибқи лоиҳаи байналмилалии THOCA роҳандозӣ шуда, муҳаққиқон ҷиҳати таъйин ва эълон намудани таърихи сукунати инсони қадим дар мавзеъҳои аҳди бостонии Ховалинги имрӯза маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд. Тибқи таҳқиқи бостоншиносон, дар мавзеъҳои гуногуни ноҳияи имрӯзаи Ховалинг, чун Кӯлдара, Лоҳутӣ, Чашмнигор ҳанӯз як миллиону сад ҳазор сол муқаддам инсонҳои аҳди бостон сукунат доштаанд.
Раҳбари лоиҳаи байналмилалии THOCAЯн Питер Буллард (Донишгоҳи техникии Дания) ва муовини ӯ Раҷеп Қурбонов (Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов) ин андешаро таъкид намуда, таърихи беш аз 1 000 000-солаи ноҳияи Ховалингро исбот намуданд.
Директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Убайдулло Насрулло иброз намуд, ки ҳафриёти бостоншиносӣ дар мавзеъҳои гуногуни ноҳияи Ховалинг ҳанӯз дар замони Шӯравӣ сурат гирифта, таърихи беш аз як миллионаи он исбот гардида буд.
Сардори шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ Нуриддин Сайфуллоев зикр намуд,ки академик Ранов 11 қабати хоки Кӯлдараро таҳқиқ намуда, ба хулосае омад, ки ин мавзеъ макон ва бошишгоҳи одамони ҷамъияти ибтидоӣ мебошад.
«Хоки мавзеи Кӯлдараи ноҳияи Ховалингро муҳаққиқин аз Олмону Швейтсария ба Аврупо бурда, таҳқиқ намуданд ва ба хулосаеомаданд, ки макони сукунати мавзеъ беш аз 1 000 000 сол таърих дорад.Аз ин рӯ агар Ховалинг дар Осиёи Марказӣ қадимтарин бошишгоҳи инсони бостон бошад, пас дар дунё қадимтарин мавзеъҳои сукунати инсони қадим Африқо буда, таърихи сукунати инсон дар қитъаи мазкур беш аз 2 000 000 сол маҳсуб мешавад»,- гуфт Нуриддин Сайфуллоев.
АКС аз АМИТ








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






