Ғолибони Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шуданд

Октябрь 6, 2021 09:43

ДУШАНБЕ, 06.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз  3  то  5 октябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе 8-умин Мусобиқаи байналмилалӣ  оид ба гӯштини дзюдо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор шуд, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.

Дар рӯзи охири мусобиқа рақобатҳо дар вазнҳои -90 ва +90кг сурат гирифта, бо пирӯзии паҳлавонони  шинохтаи  тоҷик – Комроншоҳ Устопириён ва Темур Раҳимов хотима ёфтанд. Комроншоҳ Устопириён (-90кг) рақобатро аз даври дуюм ба муқобили варзишгари Қазоқистон – Сергей ПАК оғоз кард. Рақобати  ин ду варзишгар  то вақти иловагӣ  тӯл кашида, ниҳоят Комроншоҳ бо иҷрои усули  «отоси»  ҳарифро мағлуб кард. Дар сонияҳои охири даври чорякниҳоӣ бо иҷрои зиддиусул Муин Орифовро (Тоҷикистон) шикаст дода, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Рақиби Комроншоҳ дар даври нимниҳоӣ – варзишгари Узбекистон – Азизбек Авазмуродов бо дарёфти се «шидо» мағлуб дониста шуд.

Дар рақобати шадид барои дарёфти Ҷоми мусобиқа Комроншоҳи  Устопириён бо паҳлавони  ботаҷрибаи узбек – Шермуҳаммад Ҷандреев қувва санҷид. Дар вақти асосии рақобат ҳеҷ кадом ғолиб наомада, танҳо дутоӣ танбеҳ гирифтанд. Дар вақти ҷудошуда барои имтиёзи тиллоӣ рақиби Комроншоҳ бо дарёфти сеюмин танбеҳ имкони касби нишонҳои тиллои мусобиқаро аз даст дод. Ҳамин тариқ, паҳлавони шинохтаи тоҷик Комроншоҳ Устопириён ғолиби Ҷоми Президент дар вазни -90кг гардид.

Паҳлавони маъруфи    тоҷик Темур Раҳимов дар вазни +90кг, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Давлатҷон Назриев аз Тоҷикистон дастболо шуд. Дар чорякниҳоӣ варзишгари Беларус Богдан Войтсикро   мағлуб кард. Дар даври нимниҳоӣ варзишгари Узбекистон Шоҳруххон Бахтиёровро бо иҷрои зиддиусул шикаст дода, ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Дар финал Темур Раҳимов бо варзишгари  Русия Антон Брачев рақобат намуд. Пас аз ҳамлаҳои пай дар пай Темур ниҳоятан ҳарифро бо иҷрои “осото гари” ба замин зада, тавонист ӯро дар ҳолати “осаекоми” нигаҳ дорад ва ғолиби рақобати ҳалкунанда шавад.

 Ғолибон ва ҷоизадорони 8-умин мусобиқаи  Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба дзюдо:

-66кг
1. Дилшодбек ЮЛДОШЕВ (UZB)
2. Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА (TJK)
3. Ориф ДОДОВ (TJK)
3. Абубакр БОҚИЕВ (TJK)

-81кг
1. Умар РАСУЛОВ (TJK)
2. Раҳматулло ФАРҲОДОВ (TJK)
3. Шодмон РИЗОЕВ (RUS)
3. Хусрав АЛАМОВ (TJK)

-90кг
1. Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (TJK)
2. Шермуҳаммад ҶАНДРЕЕВ (UZB)
3. Исроил РАҲИМОВ (TJK)
3. Достон МЕЙЛИЕВ (UZB)

+90кг
1. Темур РАҲИМОВ (TJK)
2. Антон БРАЧЕВ (RUS)
3. Бекмурод ОЛТИБОЕВ (UZB)
3. Шоҳруххон БАХТИЁРОВ (UZB)

Ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо мукофотпулӣ қадр карда шуданд. Ба ғолибони ҷои аввали мусобиқа 30 000 сомонӣ, ҳамчунин ҷом, ба барандагони медали нуқра 10 000 сомонӣ ва ба барандагони медали биринҷӣ 5000 сомонӣ супорида шуд.

Мавриди зикр аст, ки  Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба   гӯштин дзюдо   бори аввал соли 2013 дар ду вазн (-81кг, вазни мутлақ), солҳои 2014, 2015, 2016, 2017 дар вазни мутлақ доир гардида буд. Солҳои 2018 ва 2019 рақобатҳо тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии дзюдо  аз рӯи 7 вазн миёни мардҳо сурат гирифта буданд. Соли гузашта мусобиқа бо сабаби пандемияи коронавирус баргузор нашуд.

Хотиррасон мекунем, ки мусобиқаи мазкур бори ҳаштум баргузор шуд.  Дар он 133 варзишгар аз Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус ширкат карда, дар 4 вазн (-66кг, -81кг, -90кг, +90кг) миёни ҳам  қувва озмуданд.

Октябрь 6, 2021 09:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид