ПАРТОВҲОИ КАМИ ГАЗҲОИ ГУЛХОНАӢ, ХИСОРОТИ ЗИЁД БА ТАБИАТ. Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии нобаробарии иқлим дар ҷои ҳафтум қарор гирифт

Октябрь 28, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 28.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Конфронси дуҳафтаинаи ҷаҳонии иқлими СММ, ки 1 ноябр дар Глазго (Шотландия) оғоз мешавад, олимони амрикоӣ шохиси ҷаҳонии нобаробарии иқлимро ҳисоб карданд. Шохис таносуби партовҳои газҳои гулхонаӣ аз ҷониби иқтисоди миллӣ бо гармшавии иқлимро, ки дар асри 21 кишварро интизор аст, инъикос мекунад. Дар байни 192 давлати СММ Тоҷикистон дар ҷои 7-ум қарор гирифт. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора маҷаллаи «Science Advances» менависад.

Тавре нашрия зикр менамояд, ин чунин маъно дорад, ки хисорот ба табиати Тоҷикистон аз гармшавии глобалӣ нисбат ба миқдори газҳои гулхонаии дар мамлакат партовшаванда ба таври номутаносиб зиёд хоҳад шуд.

Ба даҳгонаи шохис Русия, Муғулистон, Афғонистон, Қазоқистон, Канада, Финландия, Малӣ, Боливия ва Нигерия низ шомил шудаанд.

Дар охири шохис асосан давлатҳое ҳастанд, ки бештари партовҳоро истеҳсол мекунанд, аммо дар қаламрави онҳо гармшавии он ночиз хоҳад буд. Сухан дар бораи чунин мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикардаи Аврупо, монанди Белгия, Олмон, Нидерланд, инчунин Кувайт ва Баҳрайни нафтистихроҷкунанда меравад. Ба онхо иқтисодиёти тараққиёбандаи Осиё — Тайван, Бангладеш ва Чин ҳамроҳ шуданд. ИМА низ аз садгонаи аввал боло ҷой гирифт.

Мушкилоти асосии ба вуҷуд овардани манзараи муносиби гармшавии глобалӣ дар он аст, ки он раванди сайёравӣ буда, дар он тамоми давлатҳои ҷаҳон ва омилҳои зиёди табиӣ ба ин ё он роҳ ҷалб шудаанд. Партови газҳои гулхонаӣ аз қаламрави як кишвар метавонад боиси баланд шудани ҳарорат дар қаламрави кишвари дигар гардад, ки ин «нобаробарии иқлимӣ» ба вуҷуд меорад.

Тибқи ҳисобҳои олимон, бештари манобеи газҳои гулхонаӣ, ки одамон онро хориҷ мекунанд, дар байни 30 то 55 дараҷаи арзи шимолӣ мутамарказ шудаанд. Гузашта аз ин, таъсири бештари гармшавии партовҳо дар шимоли 60 дараҷаи арзи шимолӣ дар минтақаи Арктика эҳсос мешавад. Ин номутаносибии партовҳо дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҳангоми муқоисаи минтақаҳои сераҳолии Аврупои Ғарбӣ, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Амрикои Шимолӣ бо чунин кишварҳои камаҳолии шимолӣ, ба монанди Русия, Канада ва Финландия, ки газҳои гармхонаӣ нисбатан кам истеҳсол мекунанд, бештар ба назар мерасад.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ сифру аз даҳ ҳазор се (0,0003) фоизро ташкил медиҳад. Дар ин бора дирӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои мавзӯии сатҳи баланди СММ таҳти унвони «Амалисозии иқдомҳо дар соҳаи иқлим» изҳори назар намуданд. Бино ба андешаи Пешвои миллат, Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишномаи Париж ихтиёран уҳдадор гардид, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаиро аз 80-90 фоизи сатҳи соли 1990 зиёд накунад. Дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65-75 фоизи нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад.

Президенти Тоҷикистон бар онанд, ки кам кардани ҳаҷми партовҳо ба фазо асосан аз ҳисоби идома додани истифодаи манбаъҳои бузурги энергияи таҷдидшаванда, бахусус гидроэнергетика ва энергияи офтоб муяссар хоҳад шуд.

«Истифодаи ҳамгироёнаи ин ду навъи неру метавонад на танҳо ба афзоиши истеҳсоли энергияи аз лиҳози экологӣ тозаи таҷдидшаванда, балки ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби кишвар низ мусоидат намояд», — гуфтанд Сарвари давлат.

Ёдовар мешавем, ки Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим дар Глазго, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба он даъват шудаанд, сиёсати ҷаҳониро барои даҳсолаҳои оянда муайян хоҳад кард. Бисёриҳо ба он умеди калон доранд ва онро охирин имкони башарият барои бунёди ҷаҳони нави устувор медонанд.

АКС: АМИТ «Ховар»/ Science Advances

Октябрь 28, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ. Барои ғайриқонунӣ истифода бурдани неруи барқ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар гардид
Президенти Комиссияи Иттиҳоди Аврупо Урсула фон дер Ляйен аз иқтидори бузурги Неругоҳи азими барқи обии «Роғун»-и Тоҷикистон ёдовар шуд
Президенти Тоҷикистон тавсеаи ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетикаи «сабз» аз самтҳои ояндадор номиданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Пиряхҳои Тоҷикистон танҳо манбаи об барои минтақа набуда, дар нигоҳдории иқлими минтақа низ нақши муҳим мебозанд»
Инъикоси густурдаи таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо иштироки Сарони се давлати Осиёи Марказӣ дар расонаҳои хабарии минтақаю ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Натиҷаҳои вохӯриҳои имрӯзаро мо ҳамчун пайки таҷдид ва оғози марҳилаи сифатан нав дар муносибатҳои се кишвар медонем»
Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
23 март-Рӯзи ҷаҳонии обуҳавошиносӣ. Дар ҳар се соат ҳавошиносони тоҷик ба Хадамоти ҷаҳонии ҳавошиносӣ маълумот пешниҳод менамоянд
«НАВРӮЗ ДАР АСЛ ҶАШНИ ЗИНДАГИСОЗ АСТ». Иқтибос аз суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ҳамкории дастҷамъонаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд
Пешвои миллат: «Тоҷикистони маҳбуби мо воқеан Ватани аслии Наврӯз аст»
Бузургии Зан-Модар- ин олиҳаи ҳаёт ҳамеша вирди забони башарият аст