Президенти Тоҷикистон: Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид
ДУШАНБЕ, 15.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли ҳафтум аст, ки мо ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, онро дар қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид кардаем. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил намудани Меҳргон пайванди моро бо решаҳои бостонии миллиамон тақвият бахшид ва сабаби болоравии худшиносиву худогоҳии мардуми мо, аз ҷумла наврасону ҷавонон гардид, зеро Меҳргон рамзи ваҳдати инсонҳо, намунае аз ахлоқи баландтарини инсонӣ, меҳрварзиву накӯкорӣ, ватандӯстӣ ва адолатпарварӣ ба шумор меравад. Чунин зикр намуданд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 октябр зимни Паёми шодбошиашон ба муносибати ҷашни Меҳргон.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки «Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, гузаштагони мо онро ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ мегузоштанд. Ба ин маънӣ, Меҳргон баробари инкишофи зироаткорӣ ва ҷорӣ гардидани тақвими деҳқонӣ пайдо шуда, бинобар ин, ҷашни ҳосилот ва кишоварзон ба шумор меравад. Яъне ниёгони мо дар айёми баҳор бо нияти нек ва умеди ҳосили фаровон ба корҳои кишоварзию боғдорӣ оғоз карда, дар фасли тирамоҳ маҳсули заҳмати худро ҷамъоварӣ мекарданд, баъди ҷамъоварии ҳосил ҷашн меоростанд ва бо шодиву хурсандӣ якдигарро муборакбод менамуданд».
Бояд тазаккур дод, ки ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳаббат, дӯстию рафоқати одамон ба якдигар, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил онро таҷлил мекарданд. Ин ҷашн рӯзи 16- и меҳр, ки онро рӯзи Меҳр меноманд, баргузор мегардад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ бо номи Митракона ё Митра зикр шудааст ва таърихи чаҳорҳазорсола дорад.
Ин ҷашн баробари инкишоф ёфтани корҳои деҳқонӣ ва ҷорӣ шудани тақвими деҳқонӣ пайдо шудааст. Меҳргон асосан иди ҳосилот аст ва дар саршавии фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки он бо ҳисоби милодӣ аз 23 сентябр то 22 октябр давом меёбад. Деҳқонон дар ҳамин рӯзҳо ба ҷамъоварии ғалла сар мекарданд. Мувофиқи достонҳои қадимӣ, гӯё Фаридун дар ин рӯз ба Заҳҳок ғолиб меояд ва ӯро дар кӯҳи Дамованд ҳабс мекунад. Дар ин рӯз мардум ба якдигар номаҳо менавиштанд, табрик мекарданд, туҳфаҳо тақдим менамуданд. Панҷ рӯзи аввал ҷашни ҳамагон буда, онро Меҳргони омма ё кӯчак меномиданд, рӯзи шашум ҷашни расмӣ буда, онро шоҳ бо аҳли дарбор ҷашн мекарданд, ки Меҳргони бузург меномиданд.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 якшанбеи сеюми моҳи октябр дар тамоми гӯшаю канори мамлакат Иди Меҳргон ҷашн гирифда мешавад. Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёти мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.
Ёдовар мешавекм, 16 август дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО барпо гардид. Зимни он зикр шуд, ки охири моҳи марти соли 2021 номинаи муштараки «Меҳргон», ки дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон омода шуда буд, ҷиҳати баррасӣ ба Маркази мероси фарҳангии ЮНЕСКО ирсол гардид. Тибқи парвандаи ниҳоии номинаи Меҳргон, Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари пешниҳодкунанда таъйин шуда, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун кишвари ҳамроҳ дар пешниҳоди номина ба ҳисоб меравад.
Меҳргон асосан ҷашни гирдоварии ҳосили заҳмати кишоварзию боғдорӣ мебошад ва дар он кулли мардум иштирок намуда, якҷоя хурсандию шодмониҳо мекунанд. Бинобар ин онро дар фасли тирамоҳ, дар айёми пухтану расидани меваҳо, буттамеваҳо, сабзавот, анвои ғалла ва маҳсулоти полезӣ таҷлил мекунанд. Моҳияти баргузории Меҳргонро шукронаи дастархони пурнозу неъмати табиат, орзуи баракату фаровонӣ, дӯстию ягонагӣ ва ҳамин гуна ғояҳои олии ахлоқию инсонӣ ташкил медиҳанд.
Тавре Содиқи Кашрудӣ гуфтааст:
Шоҳо, ҷашни Меҳргон омад.
Ҷашни марди деҳқон омад.
Хонҳо пур шуд зи нозу нон,
Шодӣ бар пиру ҷавон омад.
Хирмани гандуму наску ҷав,
Пушти ҳам, чун Каҳкашон омад.
Шоливу полезиву ангур,
Пунбаву нах, нуқрасон омад.
Ҳосили кишту дарав имрӯз,
Корвон бар корвон омад.
Серу пур шуд мардум аз анво,
Ёди ёри меҳрубон омад.
Рафт айёми гулу савсан,
Давру даврони хазон омад.
Оби рӯду чашмаву ҷӯбор,
Тозаву софу равон омад.
Аз қудуми Меҳргон имрӯз,
Шодӣ бар ҳар хонадон омад.
Бар дилу бар дидаи мардум,
Меҳргон доманкашон омад.
Гирд омад он парешонӣ,
Мурғи бахт бар ошён омад.
Ориёно зинда шуд аз нав,
Шавқату шони кайон омад.
Хушиҳои зиндагӣ яксар,
Хуш бари Шоҳи ҷаҳон омад.
Хусраво, базму тараб сар кун,
Навбати оби разон омад.
Ҷомахону чангзан мутриб,
Базму бозии хубон омад.
Зеҳ бар ту, эй Шаҳи шоҳон,
Бар замин аз осмон омад.
Тоҷу тахту бахти ту, чун ту,
Хуш ба бахти тоҷикон омад.
Шоду хуррам Содиқи шоир,
Хуш ба базмат шеърхон омад.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз бойгонии АМИТ «Ховар»