Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Муъминобод майдони Парчами давлатӣ ва гулгаштро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 04.10.2021 /АМИТ«Ховар»/. 4 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатӣ ва гулгашти зебои ноҳияи Муъминободро ба истифода доданд.
Майдони Парчами давлатӣ ва гулгашт дар маркази ноҳияи Муъминобод бунёд гардидааст, ки ин мавзеъ барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон мувофиқу мусоид аст.
Баландии сутунпояи Парчами давлатӣ 45 метрро ташкил дода, аз тарафи коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҳасанбегӣ» бунёд гардидааст.
Майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 0,60 гектар бунёд ёфта, дар саҳн ва атрофи он 320 бех ниҳоли дарахтони гуногуни ҳамешасабзу ороишӣ ва гулу буттаҳои зебою нодир шинонида шудааст.
Бунёди майдони Парчами давлатӣ дар қатори дигар иншооти таъйиноти гуногун дар ноҳияи Муъминобод дар доираи корҳои ободонӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, дар баробари шукӯҳу зебоӣ бахшидан ба симои ноҳия, инчунин дар самти баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва арҷгузории насли имрӯзу ояндаи мамлакат ба ин муқаддасоти миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Саҳни майдони Парчами давлатиро дар ноҳияи Муъминобод бунёди гулгашти зебою назаррабо дилфиребу ҷолиб сохта, ин ҷо ба мавзеи мусоиди истироҳату фароғат ва сайру гашти сокинон табдил ёфтааст.









35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вахш муассисаҳои таълимию томактабӣ ва варзишгоҳи марказӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Анутин Чарнвиракул барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб сохтмони филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф идома дорад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Дӯстӣ ва Носири Хусрав баргузор гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Қариб 3 километр роҳи деҳаи Шодмон яки шаҳри Турсунзода мумфарш карда шуд
Рӯзи фарҳанги ноҳияи Мастчоҳ шукуҳманд таҷлил карда шуд






