Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид

Июль 12, 2026 23:00

ДУШАНБЕ, 12.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз  дар Боғи «Ирам»-и пойтахт Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Рӯзи фарҳангӣ фарогири намоиши маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва барномаи рангини фарҳангию адабии аҳли ҳунар буд.

Зимни ифтитоҳи он иброз гардид, ки шаҳри Душанбе на танҳо маркази сиёсиву маъмурии мамлакат, балки меҳвари муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва густариши робитаҳо байни минтақаҳои мамлакат мебошад.  Маҳз дар пойтахт сокинону меҳмонон имконият пайдо мекунанд, ки бо анъанаҳо, фарҳанг ва дастовардҳои гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд.

Гуфта шуд, ки баргузории Рӯзҳои фарҳангӣ барои таҳкими фазои ягонаи фарҳангии ҷумҳурӣ, муаррифии эҷодиёти мардумӣ ва эҳёи суннатҳои таърихии халқи тоҷик аҳамияти махсус дорад.

Сокинони шаҳри Истаравшан дар намоишгоҳ маҳсули дасти ҳунармандони мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, таомҳои миллӣ ва намунаҳои санъати ороишиву амалиро, ки бозгӯи фарҳанги ғании ин минтақа мебошанд, ба маърази тамошо гузоштанд.

Ҳамчунин барномаи консертӣ тамошобинонро бо мероси мусиқӣ ва фолклории шаҳри Истаравшан шинос намуда, сурудҳои мардумӣ ва композитсияҳои адабӣ бозгӯи фарҳанги бой ва суннатҳои қадимии минтақа гардиданд.

Шаҳри бостонии Истаравшан, ки таърихи чандҳазорсола дорад, ганҷинаи нотакрори ҳунар, фарҳанг ва ҳувияти миллӣ мебошад. Ин шаҳрро метавон осорхонаи зиндаи ҳунарҳои мардумӣ номид, ки ҳар гӯшаву канори он нигаҳдори анъанаҳои воло ва истеъдоди мардум аст. Ҳунар барои сокинони Истаравшан василаи рӯзгор ва оинаи ҳастии маънавӣ ва шинохти миллат мебошад.

Истаравшан бо ҳунарҳое, чун заргарӣ, оҳангарӣ, кордгарӣ, сӯзанидӯзӣ, кандакорӣ, кулолгарӣ, қолинбофӣ ва шонатарошӣ шуҳрат дорад. Ҳар ҳунар аз насл ба насл интиқол ёфта, имрӯз низ бо шукуҳи нав эҳё мегардад. Истаравшан имрӯз ба макони рӯнамоии ҳунарҳои суннатии тоҷикӣ табдил ёфтааст. Ҳатто номгузории кӯчаву деҳаҳои Истаравшан бозгӯи таърихи ғании ҳунарии ин минтақа мебошад. Номҳое, чун Заргарон, Кулолон, Кордгарон, Дегрезӣ, Мехчагарон, Осиёбтарошон дар баробари номи маҳал будан ҳикояи зиндаи ҳунармандӣ ҳастанд.

Дар ин рӯз имконоти сайёҳии шаҳри Истаравшан муаррифӣ гардиданд. Гуфта шуд, ки тибқи қарори раиси шаҳри Истаравшан аз 6 майи соли 2024  барои 49 ҳунарманд дар Маҷмааи ёдгорӣ-таърихии Қалъаи Муғ макони махсус барои фаъолият ҷудо гардид. Ин ҳунармандон дар растаҳои махсуси тибқи лоиҳаи меъморӣ ҷойгиршуда маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро ба намоишу фурӯш мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Истаравшан Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ «Озар» баргузор гардид, ки дар он Истаравшан расман бо Сертификати «Шаҳри ҷаҳонии ҳунармандӣ» қадрдонӣ карда шуд. Истаравшан ҳамчун яке аз шаҳрҳои расмии ҳунармандӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ шинохта мешавад.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 12, 2026 23:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд