Ситораи балети ҷаҳонӣ Фаррух Рӯзиматов ба Тоҷикистон меояд
ДУШАНБЕ, 20.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Русия, ахтари дурахшони балети ҷаҳонӣ, ҳунарманди дӯстдошта Фаррух Рӯзиматов бо даъвати Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ба Душанбе меояд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4 декабр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ нахустнамоиши балети «Садди оташ», ки оҳангсози он Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Қудратулло Яҳёев буда, либретторо Тоҳир Мамадризоев навиштааст, баргузор мегардад.
Балетмейстерони таҳиягар Равшан Чориев, Сергей Райник (Русия) ва роҳбари бадеӣ Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Шавкат Халилзода мебошанд. Ҳамчунин баргузории шоми эҷодии Фаррух Рӯзиматов дар назар аст.
Бояд гуфт, ки Фаррух Рӯзиматов — раққоси балет, раққоси пешбари балети Театри Мариинский дар солҳои 1986-2007, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1988), лауреати Ҷоизаи ниқоби тиллоӣ (1998), Ҳунарпешаи халқии Русия мебошад.
Ҳоло роҳбарии дастаи ҳунармандони Театри опера ва балети шаҳри Новосибирскро бар уҳда дошта, дотсенти рақси классикӣ ва рақси дуэтии Академияи балети Русия ба номи А.Ваганова ва устоди рақс дар Санкт-Петербург мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






