Таҳти унвони «Пешво ва оини давлатсозӣ» китоби нав ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 22.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе таҳти унвони «Пешво ва оини давлатсозӣ» китоби доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдураҳим Холиқзода ба нашр расид, ки ба фаъолияти созанда ва бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Профессор Абдураҳим Холиқзода дар ин китоби тозанашр нақши воқеии давлатсозӣ, миллатташаккулдиҳӣ, фарҳангсозӣ ва ваҳдатофарии Пешвои миллати тоҷиконро таҷассум намудааст.
Дар сарсухани китоби мазкур Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ чунин навиштааст: «Асаре, ки дар дасти шумост, ба нақши Пешвои муаззами миллат дар бунёд ва таъсиси давлати миллии тоҷикон бахшида шудааст. Муаллиф дар асоси таҳлили маводи мавҷудаи сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нақш ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз давраи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъдан ба ҳайси Президенти мамлакат интихоб шуданашон давра ба давра дар заминаи тағйироти мавҷудаи давлатдорӣ ва натиҷаҳои ба дастомада таҳлил намуда, дар раванди давлатсозии миллати тоҷик хулосаҳои амиқи илмӣ ироа менамояд».
Новобаста аз он ки маводи гирдовардаи муаллиф дар давраҳои мухталифи давлатсозии Пешвои миллат иншо шуда, ҷо-ҷо такрорёбии фикру андешаҳо аз ҷанбаҳои гуногун ба назар мерасад, вале дар маҷмӯъ маҳз ҳамин такрорёбиҳо имкон фароҳам меоранд, ки симои воқеии Пешвои давлатсози миллати тоҷик комилтару ҷиддитар дар ҳамбастагӣ бо ҳодисоти таърихӣ ба таври воқеӣ инъикос ва муаррифӣ гардад.
Итминони комил дорем, асар, ки саршори ғояҳои худшиносии сиёсӣ, миллӣ ва маводи таҳлилӣ- илмист, ба мафкураи сиёсӣ ва миллии хонандагон таъсири нек мерасонад.








«ТАВОНО БУВАД, ҲАР КӢ ДОНО БУВАД». Таҳти ин унвон олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ оғоз шуд
Имрӯз дар Душанбе ғолибони Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» муайян мегарданд
Донишҷӯёни Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамоянд
Дар шаҳри Гулистон Озмуни шаҳрии «Оилаи намунавӣ» баргузор гардид
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 51 довталаб аз ноҳияи Данғара ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифт
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 60 довталаб аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба даври дуюми озмун роҳхат гирифт
Дар Душанбе ғолибони якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун оғоз шуд
Доир ба иҷрои барномаҳои давлатии соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт ҷаласа баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмун доир шуд
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир гардид






