ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, панҷшанбе, 294-умин рӯзи соли 2021 аст

Октябрь 21, 2021 08:00

21 октябри соли 2016 дар Қасри миллат дар мулоқоти Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлют Човушоғлу масоили вақт ва дурнамои ҳамкории ду давлат ва дигар мавзӯъҳои муҳим баррасӣ шуданд.

***

19 сол қабл, 21 октябри соли 2002, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СММ Кофи Аннонро дар Душанбе ба ҳузур пазируфтанд.

***

6 сол пеш, 21 октябри соли 2015 дар чойхонаи миллии Қасри таърихии Арбоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар бораи густариш ва таҳкими муносибатҳои дуҷониба ба имзо расид.

21 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА — Рӯзи ширинӣ.

 ***

Дар Британияи Кабир —  Рӯзи себ

РӮЙДОДҲО:

12 сол пеш, 21 октябри соли 2009, дар Душанбе намояндагии Бонки Авруосиёии Рушд ифтитоҳ гардид.

***

21 октябри соли 2010 дар шаҳри Душанбе татбиқи «Барномаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои солҳои 2006-2010» муҳокима карда шуд.

***

7 сол пеш, 21 октябри соли 2014 Донишгоҳи (славянии) Тоҷикистону Россия ва Донишгоҳи «Сока» — и  Япония созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

***

21 октябри соли 2015 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Шамоил. Асрҳои Х1Х-ХХ. Сухан ва тасвир» оғоз гардида, 20 ноябр ба анҷом расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 масоили вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баррасӣ шуданд.

***

21 октябри соли 2016 вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барномаи ҳамкории мутақобила барои солҳои 2017-2020 –ро ба имзо расониданд.

 ***

52 сол пеш, 21 октябри соли 1969 дар  Ташканд аввалин Кинофестивали байналмилалии давлатҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ доир шуд.

***

21 октябри соли 1994 Академияи телевизионии Россия ҷоизаи ҳамасолаи «ТЭФИ»-ро таъсис дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2014 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки шаҳри Душанбе -пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дипломи озмуни VII байналмилалии таҷрибаҳои шаҳрии шаҳрҳои ИДМ ва Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё- «Шаҳре, ки он ҷо зистан маъқул аст», сарфароз гардид.

***

Соли 1997 Президенти вақти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар бораи аз 10 декабри ин сол пойтахти нави ин кишвар эълон кардани шаҳри Акмола, ки баъдан номи Остонаро гирифт (ҳоло Нур-Султон), қарор қабул намуд.

Октябрь 21, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш