Таэквондочиёни тоҷик дар рӯзи аввали мусобиқаи Намангон соҳиби 9 медал шуданд
ДУШАНБЕ, 30.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар шаҳри Намангони Ҷумҳурии Узбекистон Мусобиқаи 2-юми кушоди вилояти Намангон оид ба таэквондо (WT) оғоз шуд, ки то 31 октябр идома меёбад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони кишвари мизбон намояндагони ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доранд.
Мусобиқа миёни кӯдакони соли таваллудашон 2013-2014, 2008-2010, наврасони соли таваллудашон 2005-2007 ва калонсолон сурат гирифт. Шумораи иштирокчиён 2300 нафарро ташкил медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон, аз ҷумҳурии мо 61 нафар – 46 писар, 15 духтар ба Намангон сафарбар гардиданд. Онҳоро мураббиён Исломиддин Фозилов, Давлатмурод Каримов, Фарҳод Негматов, Далер Фозилов, Муҳиддин Ҳотамов ва Файзбахш Шоев ҳамроҳӣ менамоянд. Ҳамчунин чор довари тоҷик рақобатҳоро ҳакамӣ мекунанд.
Варзишгарони мо дар рӯзи аввали мусобиқа миёни калонсолон сазовори 9 медал — 3 тилло, 3 нуқра, 3 биринҷӣ – гардиданд.
Медалҳои тиллоро Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни -80кг, Муниса Ойматова дар вазни -49кг, Рӯзигул Саидова дар вазни +73кг ба даст оварданд.
Муҳаммадҷон Суннатов дар вазни 63кг, Муҳаммадҳусейн Шомаҳмадов дар вазни 74кг, Мунира Абдусаломова дар вазни +73кг сазовори медалҳои нуқра ва Абумуталиб Мирзоев дар вазни 54кг, Нуралишо Солиҳов дар вазни 63кг ва Руқия Алиаҳмадова дар вазни 53кг сазовори медалҳои биринҷӣ шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






