Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА ба зинаи 114-ум баромад

Октябрь 21, 2021 13:30

ДУШАНБЕ, 21.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр Федератсияи байналмилалии футбол   раддабандии нави худро нашр намуд, ки тибқи он дастаи  мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол мавқеашро иваз карда, бо касби 1157.77 имтиёз ба зинаи 114-ум баромад, иттилоъ дод  шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»  бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Миёни кишварҳои Осиё аз ҳама натиҷаи беҳтарро дастаи мунтахаби Эрон дошта, бо касби 1545.08 хол дар зинаи 22-юми раддабандӣ қарор дорад. Дар рейтинги КФО дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҷои 21-ум мавқеъ гирифтааст. Дар феҳристи раддабандии нави ФИФА дастаҳои  мунтахаби  Белгия бо 1832.33 имтиёз дар зинаи якум, Бразилия бо 1811.73 имтиёз дар ҷойи дуюм ва Англия 1755.44 имтиёз дар ҷойи сеюм қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 116-ум қарор дошт.

Топ-10 раддабандии ФИФА ҳоло ба таври зайл аст:

  1. Белгия (1832.33)
  2. Бразилия (1820.36)
  3. Фаронса (1779.24)
  4. Италия (1750.52)
  5. Англия (1750.16)
  6. Аргентина (1738.79)
  7. Испания (1687.66)
  8. Португалия (1681.73)
  9. Мексика (1672.98)
  10. Дания (1668.98)

  1. Тоҷикистон (1158)

                                               АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Октябрь 21, 2021 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад