ВАТАН, ДАР РАҲАТ ҶОННИСОРЕМ! Дар шаҳри Турсунзода маъракаи даъвати наваскарон пурра анҷом ёфт
ТУРСУНЗОДА, 05.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Турсунзода бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллуди 1994-2003 ба хизмати ҳарбӣ» Рӯзи даъватшаванда баргузор шуда, ҷавонони даъватшаванда дар фазои тантанавӣ ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд, иттилоъ дод котиби матбуоти шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».
Дар ин маросим масъулини шаҳри Турсунзода изҳор доштанд, ки ҳифзи оромиву осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмарди ба ору номус ба ҳисоб рафта, Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат арзёбӣ мегарданд. Маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум дар фазои осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд.
Дар ҳамоиши мазкур ба 93 нафар наваскароне, ки курси ронандагии ТҶ «Мададгори мудофиа» – ро хатм намуда, барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуданд.
Модари даъватшаванда Муҳаррам Алиҷонова изҳор дошт, ки «ман ҳамчун модар аввал шукри сулҳу амонии кишварро мекунам, зеро файзу баракат ва ҳаёти осуда аз сулҳу субот вобаста аст. Хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромиву осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард буда, Артиши миллӣ мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва шуҷоат ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар ҷавон ва падару модар мебошад».
Наваскар Тулқин Ибодуллоев иброз дошт, ки «имрӯз барои ҳар ҷавони шаҳри Турсунзода рӯзи пурифтихор ва шараф аст. Зеро имрӯз мо, фарзандони далеру ҷасур ва бонангу ори шаҳри Турсунзода ба сафи Кувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон барои адои қарзи фарзандӣ ва ҳимояи марзу буми Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол шомил гардида истодаем. Аз ин рӯ аз ҳамаи ҷавонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамоям, ки барои ҳимояи ватани аҷдодии хеш ҷавонмардона ба сафи Артиши миллӣ ворид гарданд».
Дар фарҷоми ҳамоиш бо анъанаи «Кулчагазон»-у дуои неки волидон ҷавонони синни даъватӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар гардиданд.
АКСҲО:Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода











Дар Душанбе иқдоми «Тасмаи бехатарӣ – муҳофизи шумо дар роҳ» гузаронида шуд
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Терроризм ва экстремизм хатари минтақавию байналмилалӣ дорад
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ. Дар ду соли охир дар садамаҳои роҳу нақлиёт зиёда аз ҳазор нафар ба ҳалокат расидааст
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Иттиҳоди Аврупо масоили марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амниятро баррасӣ намуд
Дар Бадахшон мусобиқаи варзишӣ аз намуди футбол байни сохторҳои қудратӣ ҷамъбаст гардид
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бошукуҳ таҷлил гардид
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот






