Эммануэл Макрон дар саҳифаи Facebook таассуроташро пас аз боздиди Намоиши нигораҳои Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ баён дошт
ДУШАНБЕ, 14.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, 13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эманнуэл Макрон пас аз боздид аз Намоиши нигораҳои Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар Facebook тааассуроташро бо забони тоҷикӣ чунин баён доштааст:
«Хуш омадед ба Порис, Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Хушнудам, ки имрӯз ҳамроҳ бо Шумо намоишгоҳи «Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ»-ро дар Музеи миллии ҳунари Осиё, Музеи Гиме дар маркази пойтахти мо, тамошо кунам.
Ин намоишгоҳ дастоварди заҳмати чандинсолаи бостоншиносону музейгардонҳои тоҷику фаронсавӣ аст. Ман бо ифтихор ин кори муштараки ду кишвари моро табрику таҳният мегӯям.
Фаронса ва Тоҷикистон имсол 30-юмин солгарди роҳандозии равобити дипломатиро [миёни Тоҷикистон ва Фаронса] ҷашн мегиранд, ки онҳо бар эътимоду муколамаи наздик дар масъалаҳои амниятӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиву фарҳангӣ асос ёфтаанд».
Ёдовар мешавем, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад.
АКСҲО: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар» ва скриншот аз саҳифаи facebook-и Президенти Фаронса Эммануэл Макрон









Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






