Зикриёхон Ҳайдаров: Ҳангоми коркарди пурра аҳамияти пахтапарварӣ нисбат ба ғаллапарварӣ метавонад 25 маротиба зиёдтар шавад

Октябрь 26, 2021 12:13

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «ХОВАР»/.  Дар Тоҷикистон то 25 октябр 335 ҳазору 324 тонна пахта ҷамъоварӣ гардида, кишоварзон дар як рӯз ба хирмани мамлакат 4464 тонна пахта ворид менамоянд. Дар ин бора аз  Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

«Дурнамои истеҳсоли пахта имсол 419 ҳазору 511 тонна муқаррар гардидааст. Кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то санаи зикргардида 228 ҳазору 109 тонна, вилояти Суғд 102 ҳазору 718 тонна ва ноҳияҳои тобеи марказ 4486 тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ намудаанд», — иттилоъ дод манбаъ.

Пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад, зеро тавассути коркарди пахта зиёда аз 300 намуд маҳсулоти хоҷагии халқ истеҳсол мегардад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба аҳамияти пахта дар мамлакат бо дотсенти кафедраи пахтапарварӣ, генетика, селексия ва тухмипарварии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Зикриёхон Ҳайдаров ҳамсуҳбат гардид.

Зикриёхон Ҳайдаров зикр намуд, ки соли равон дар майдонҳои пахтаи ҷумҳурӣ  ҳосил фаровон аст, ки онро метавон дар пахтазор мушоҳида намуд. Инчунин як ҷиҳати дигари ҳавасмандӣ барои чиниши пахта- ин баланд гардидани арзиши пахта дар соли равон мебошад. Ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонии мамлакат як кг пахта бо нархи аз 90 дирам  то 1   сомонӣ харидорӣ мешавад. Ин имкон медиҳад, ки марди деҳқон аз заҳмати кашидаи худ самар гирад ва масоҳати майдони кишти пахта солҳои минбаъда то ҳадди зарурӣ зиёд шавад.

Бояд гуфт, ки пахта зироати стратегӣ маҳсуб шуда, назар ба дигар зироати кишоварзӣ метавонад манфиати иқтисодӣ ва даромади бештар оварад. Ҳангоми дуруст риоя кардани агротехникаи парвариши он ҳосили хуб рӯёнда мешавад.

Пахта зироатест, ки онро бештар барои нахаш парвариш менамоянд, гуфт ҳамсуҳбати мо. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешаванд. Нахи пахта ашёи асосии он мебошад. Он пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин мо навъҳое дорем, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад.

Аввалин навъи селексияи ватанӣ, ки бо фоизи баланди нах офарида шуд, «Сорбон» мебошад, ки имрӯз дар бисёр хоҷагиҳои пахтапарварии вилоятҳои  Суғду Хатлон васеъ парвариш шуда, барориши нахи он 35-37 фоиз мебошад. Инчунин яке аз дигар навъи ватанӣ- «Зарафшон-1» аст, ки  39 фоиз баромади нах дорад.

Як нуктаро бояд зикр намуд, ки фоизи баромади нахи навъҳои хориҷӣ то ба 43 фоиз мерасад, аммо коршиносони бахши экологӣ барои ба ҳолатҳои тағйирёбии иқлим тобовар будан парвариши навъҳои ватаниро бештар тавсия медиҳанд.

Дар ин робита Зикриёхон Ҳайдаров гуфт, «бояд  навъҳое, ки фоизи бештари баромади нах доранд, бо нархи нисбатан фарқкунанда харидорӣ гарданд».

Ҳосили  пахтаи мо  ба навъҳо ҷудо карда мешавад, аммо ин аз рӯи фоизи баромади нах нест. Бинобар ин марди деҳқон ба он таваҷҷуҳи бештар намекунад, то пахтае кишт намояд, ки фоизи бештари баромади нах дошта бошад. Деҳқон бештар навъҳое кишт мекунад, ки баромади чигит дошта бошанд. Агар фоизи баромади чигит зиёдтар бошад, вазни кӯракҳои он нисбатан бештар аст. Аз ин рӯ ба навъҳое, ки фоизи баромади нахашон бештар аст, кам таваҷҷуҳ карда мешавад.

Сол то сол харидории пахта бомаром ба як низом медарояд. Агар зимни харидории навъҳои фоизи баромади нахашон бештар ва фоизи баромади нахашон камтар тафриқа гузошта шавад, ин имкон медиҳад, ки кишоварзони мо ба пахтае, ки фоизи баромади нахаш бештар аст, таваҷҷуҳи зиёд намоянд. Бо истеҳсоли ҳаҷми нисбатан камтари маҳсулот мо метавонем, ки ҳаҷми бештари нах истеҳсол намоем, зеро мақсади асосии мо нах мебошад.

Мавсуф зикр намуд, ки вобаста ба ҳамин нишондиҳандаҳо аз як тонна пахта вобаста ба навъу намуд аз 320  то 400 кг ва ҳатто 420 кг нах истеҳсол кардан мумкин аст. Ҳамчунин аз 1 тонна пахта ҳудудан то 560 ва 600 кг чигит истеҳсол мегардад.

Аз чигити боқимонда вобаста ба навъу намуд равған истеҳсол кардан мумкин аст. Фоизи равған ҳам дар чигити пахта якхела нест. Ҳатто равғаннокии чигит дар дохили як ғӯзаи пахта тағйир меёбад,  масалан, чигити мобайнӣ метавонад серравған бошад ва равғаннокии чигити канорӣ нисбатан кам мешавад. Инчунин ҷойгиршавии чигитҳо низ фарқ мекунад.  Ҳудудан аз чигити пахта тавассути ду маротиба коркард намудан ба ҳисоби миёна то 28 фоиз равған гирифтан мумкин аст. Ба ҳисоби миёна аз 5 кг чигити пахта 1 кг равған ё аз ин зиёд истеҳсол намудан  мумкин мебошад.

Дар масъалаи коркарди нахи пахта омӯзишҳои хеле зиёд амалӣ карда шудаанд. Ба ҳисоби иқтисоддонҳо, ҳангоми коркард кардани нахи пахтаи хом  дараҷаи даромаднокии пахта нисбат ба парвариши зироати ғалла 8 маротиба бештар мешавад. Ҳангоми коркарди пурраи ин ашёи саноатӣ аҳамияти пахтапарварӣ нисбат ба ғаллапарварӣ 25 маротиба зиёдтар мегардад.

Доир ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2018 зимни ирсоли Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз намуданд, ки «…барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои корӣ бояд ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ диққати бештар дода шавад».

Аз ин рӯ  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ  супориш доданд, ки дар 2-3 соли оянда бояд ягон килограмм нахи пахта бе коркард ва бе маҳсулоти тайёр аз кишвар берун бароварда нашавад.

Сарвари давлат бо таъкид изҳор доштанд, ки корхонаҳои коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус нахи пахта ва тавлиди маҳсулоти ниҳоӣ бунёд гардида, минбаъд истеҳсолот пурра дар асоси пахтаи ватанӣ роҳандозӣ мегардад.

Яъне, ин иқдом имконият медиҳад, ки Тоҷикистон марҳила ба марҳила ба кишвари содироткунандаи маҳсулоти босифати саноатӣ табдил ёфта, дар ин баробар, вобастагии бозорҳои мамлакат аз маҳсулоти воридотӣ коҳиш ёбад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКСҲО аз манбаъҳои боз

Октябрь 26, 2021 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон барои таъсиси паркҳои технологии муштарак бо ниҳодҳои СММ ва шарикони рушд ҳамкорӣ менамояд
Директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ба Тоҷикистон меояд
Соли 2024 ҳолати мелиоративии 9811 гектар замини кишоварзӣ беҳтар карда мешавад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Мастчоҳ бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос шуд
Дар ноҳияи Ашт 20 000 гектар боғи зардолу мавҷуд аст
АВЛАВИЯТ БА КИШТИ КАРТОШКА. Дар Панҷакент кишти картошка зери назорати пайваста қарор дорад
Тоҷикистон ва Чин ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои авлавиятноки саноат баррасӣ намуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Хуҷанд корхонаҳои нави саноатӣ ба истифода дода мешаванд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Борони зиёд боиси камҳосилии дарахтон мегардад
Дар шаҳри Пекин густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни кишти картошка шинос гардид
Ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд